Суҳроб Ализода: Телевизиони «Илм ва табиат» то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд

Февраль 10, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволи хабарнигори АМИТ “Ховар” дар мавриди кай ба фаъолият шурӯъ намудани Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» муовини раиси ин Кумита Суҳроб Ализода посух дода, зикр намуд, ки “Кумитаи телевизион ва радио вазифадор шудааст, ки то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат»-ро фаъол гардонад. Бо ин мақсад айни ҳол таҷҳизоти касбӣ дархост шудаанд. Ин дастгоҳҳо аз давлатҳои Аврупо дастрас шуда, то муҳлати муқарраргардида корҳо ба анҷом расонида мешаванд ва муассисаи мазкур ба фаъолият шурӯъ менамояд”.

Хамзамон иброз карда шуд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли 2020 «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тасдиқ гардид. Дар баробари ин, Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат» ба тасвиб расида, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии телевизиони “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Оиннома ва сохтори он барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод шудааст.

Соли гузашта фаъолияти якчанд телевизион баъди санҷиш  бинобар риоя накардани қонунҳои амалкунандаи соҳа қатъ гардида, 6 субъкти хоҷагидории соҳавӣ аз аттестатсия гузаронида шуд.

Айни замон кумита бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати барномаҳои телевизиониву радиоӣ бо 15 вазорату идора ва сохторҳои соҳаи телевизион ва радиои кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад.

Кумита дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, дар доираи ин дастовардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.

Дар аввали соли 2020 фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои шабакаҳои давлатии телевизионӣ дар пахши рақамӣ 65,8%-ро ташкил медод, то охири соли 2020 ин нишондиҳанда ба 72% расонида шуд. Фоизи фарогирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаҳои шабакаҳои телевизион ва радиои давлатӣ дар пахши заминии ғайриодӣ (аналогӣ) чунин аст: “Телевизиони Тоҷикистон”-99,72%, “Телевизиони Сафина”-92,70%, “Баҳористон”-89,01% ва “Ҷаҳоннамо”-78,96%.

Фоизи фарогирии аҳолӣ бо барномаҳои давлатии радио дар мавҷи FМ -“Радиои Тоҷикистон”-88,60%, “Овози тоҷик”-57,90%, “Садои Душанбе”-65,80% ва “Фарҳанг”-59,87% мебошад.

Февраль 10, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард