Сулаймон Султонзода: Соли 2020 тавассути тадбирҳои андешида 84,9 фоиз зарари молиявӣ барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли 2020 мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 811 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 348,8 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд, ки тавассути тадбирҳои андешида аз ин маблағ 295,9 миллион сомонӣ ё 84,9 фоиз барқарор карда шудааст. Аз маблағҳои рӯёнидашуда 76,3 миллион сомонӣ ба буҷети давлатӣ ва 219,6 миллион сомонӣ ба корхонаву муассисаҳо рост меояд. Дар ин бора директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори адлия Сулаймон Султонзода 16 феврал зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, иттилоъ медиҳад хабанигори АМИТ «Ховар».
Мавсуф иброз намуд, ки таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар ин давра шумораи бештари ҷиноятҳо аз ҷониби кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ – 177 адад, соҳаҳои маориф ва илм — 136, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 104, кишоварзӣ — 101, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ — 66, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ — 99, бонкҳои давлатию тиҷоратӣ — 163, дигар идораю корхонаҳои давлатӣ — 411, субъектҳои хоҷагидории ғайридавлатӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандон — 835 ҷиноят содир гардидааст.
Сулаймон Султонзода афзуд, ки 60 ҳолати вайрон намудани талаботи моддаи 22-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо коррупсия», ки хизмати якҷоя ва таъйини хешовандони наздик ба мансабҳои давлатӣ ё ба мансабҳои ба онҳо баробаркардашударо манъ намудааст, ошкор карда шуда, ҳуқуқвайронкуниҳои мазкур дар асоси санадҳои эътиноии Агентӣ бартараф карда шудаанд. Ҳамзамон ба Агентӣ ҷиҳати аз экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ гузаронидан 1015 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид гардиданд, ки онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар 127 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор карда шуда, баҳри бартараф намудани камбудиҳо ба мақомоти таҳиякунандаи лоиҳа бозпас гардонида шуданд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






