Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сайёра 25-30% одамон гирифтори фишорбаландиянд, — бардошт аз дарсҳои амалӣ
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2021/02/Zajnab-Anvar-.jpg)
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сайёра 25-30% одамон гирифтори бемории фишорбаландӣ мебошанд. Ин раванд аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки дар ҳифзи саломатии худ ва атрофиён аз пештара масъултар бошему нагузорем, ки нафаре ба ин ё он намуди беморӣ мубтало гардад. Ин нуктаро директори Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайнаб Анварӣ зимни гузаронидани дарсҳои амалӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории фишорбаландӣ иброз намуд. Семенар бо ташаббуси Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим роҳандозӣ гардида, дар он масъулини вазорат ва табибони соҳа иштирок доштанд.
Зикр шуд, ки дар сурати сари вақт пешгирӣ накардани фишорбаландӣ он метавонад ба оризаҳои хатарнок оварда расонад, аз ҷумла бемории фалаҷ ва ё сактаи майнаи сар, сактаи дил, пайдоиши аретмияҳо ва номураттабии кори дил. Ҳамзамон тавсия дода шуд, ки беморони гирифтори фишорбаландии шараёнӣ бояд мунтазам табобат гиранд.
Сабабҳои асосии бемории фишорбаландӣ — ин ирсият, камҳаракатӣ, пурхӯрӣ ва асабхастагӣ мебошанд.
Барои пешгирии ин беморӣ ҳар шахс бояд соле ду маротиба аз назорати табиб гузарад. Дигар ин ки шахс бояд пурхӯрӣ накунад. Нафароне, ки бештар ғизоҳои серравған истеъмол мекунанд, ба фишорбаландии шараёнӣ гирифтор мешаванд. Инчунин барои пешгирии ин беморӣ асаби одам бояд доимо ором бошад, машқҳои ҷисмонӣ ва варзишдармониро низ бояд фаромӯш накард. Нафароне, ки ба ин беморӣ аллакай гирифтор шудаанд, бояд доимо аз доруҳои тавсиянамудаи мутахассисон истифода баранд. Баланд шудани фишори хун аз мавсим ва боду ҳаво низ вобастагии калон дорад.
Бояд гуфт, ки ҳадаф аз баргузории чунин дарсҳои амалӣ, пеш аз ҳама, ин баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ доир ба бемориҳо ва пешгирӣ аз онҳо мебошад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази шаҳрии ташаккули тарзи ҳаёти солим пайваста чунин дарсҳои амалӣ вобаста ба мавзӯъҳои гуногун ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳо роҳандозӣ мегарданд.