«ТАБИАТ ЗАНРО БЕШТАР ЭҲТИЁТ МЕКУНАД». Номбар шудани се сабабе, ки чаро баъзе одамон ба коронавирус гирифтор намешаванд

Февраль 4, 2021 11:47

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи РУДН Сергей Вознесенский шарҳ дод, ки чаро баъзе одамон гирифтори коронавирус намешаванд. Ин се сабаб дорад, вале асосӣ — хотираи ҳуҷайравӣ ва масунияти маҳаллӣ мебошад, менависад «РИА Новости».

Агар шахс қаблан ба ягон намуди коронавирус дучор шуда бошад, хавфи сироятёбӣ бо SARS-CoV-2 камтар аст. Ин тавр ҳам мешавад, ки каме пеш аз дучор шудан ба коронавирус одам кадом як сирояти вирусии дигарро аз сар гузаронидааст ва интерферонҳо дар бадани ӯ зиёдтар шудаанд. «Агар онҳо бисёр зиёд бошанд, таъсирпазирӣ нисбат ба уфунатҳои вирусӣ коҳиш меёбад», — нақл кард Вознесенский.

Фарзияи дигар низ мавҷуд аст — масунияти маҳаллӣ ба вирус имкон намедиҳад, ки ба ҳуҷайраҳо дар сатҳи роҳҳои нафаскашӣ дохил шавад. Дақиқан гуфтани ин ки бо кадом сабаб одамон нисбат ба SARS-CoV-2 таъсирнопазир мебошанд, ҳоло ғайриимкон аст. «Ин ҳанӯз дар марҳилаи мубоҳисаи илмӣ қарор дорад», — илова кард коршинос.

Дар омади гап, мардон бештар ба COVID-19 мубтало мешаванд, чунки дар бадани онҳо ретсепторҳои ACE2, ки «нуқтаи вуруд» барои коронавирус мебошанд, зиёдтаранд. Аммо занони синни репродуктивӣ аз ин ҷиҳат  беҳтар маҳфуз мебошанд. «Табиат занро бештар муҳофизат мекунад»,-зикр кард эндокринолог Зӯҳро Павлова.

АКС аз манбаъҳои озод

Февраль 4, 2021 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар