То 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Хатлон 566 муассисаи тандурустӣ бунёд мешаванд

Февраль 2, 2021 09:00

БОХТАР, 02.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. То 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон 566 муассисаи тандурустӣ сохта мешаванд. Аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки то имрӯз аллакай 481 муассиса ба истифода дода шудаанд. 

Дар айни замон, сохтмони 85 иншооти боқимонда дар арафаи анҷомёбист.

Дар вилояти Хатлон 1668 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 52 муассисаи минтақавӣ, 33 беморхона, 11 муассисаи амбулаторӣ, 24 беморхонаи шаҳрӣ, 58 беморхонаи ноҳиявӣ, 22 поликлиникаи ноҳиявӣ, 369 поликлиникаи деҳотӣ ва 709 бунгоҳи фелдшерӣ мавҷуд аст.

Дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон 35 ҳазору 457 нафар, аз ҷумла 3852 нафар табибон, 18841 нафар ҳамшираҳои шафқат, 7350 нафар кормандони хурди тиббӣ кор мекунанд.

 

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд