ТОҶИКИСТОН ИСТЕҲСОЛИ ГӮШТИ МУРҒРО АФЗОИШ МЕДИҲАД. Дар Данғара калонтарин фабрикаи парандапарварӣ дар Осиёи Миёна бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 10.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бузургтарин корхонаи парандапарварӣ дар Осиёи Марказӣ оид ба истеҳсоли гӯшти мурғ бунёд мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус раиси Раёсати корхонаи «Парандапарварии Тоҷикистон» Машокир Назаров 9 январ дар нишасти матбуотӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намудааст.
Зикр шуд, ки ширкати «Мармарӣ» ба кори сохтмони корхона машғул мешавад ва таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Чин харидорӣ хоҳад шуд.
Ба истифода додани корхонаи нав моҳи марти соли равон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шудааст. Дар назар аст, ки фабрика аз 26 коргоҳ иборат хоҳад буд ва иқтидори истеҳсолии он 5,5 ҳазор тонна гӯшти мурғ дар як сол мебошад.
Машокир Назаров таъкид кард, ки гӯшти истеҳсолнамудаи фабрика асосан ба хориҷи кишвар содир хоҳад шуд, дар ин робита аллакай созишномаҳои дахлдор имзо шудаанд.
Мутобиқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, соли 2020 дар Тоҷикистон 983 миллион дона тухм истеҳсол шудааст, аммо барои пурра қонеъ кардани талаботи аҳолӣ ба тухми мурғ, тақрибан 1,1 миллиард дона тухм истеҳсол кардан лозим аст. Бо ҳамин сабаб, танҳо дар вилояти Хатлон имсол бунёди 11 корхонаи парандапарварӣ ба нақша гирифта шудааст.
Парандапарварони мамлакат чунин мешуморанд, ки ҳозир барои пурра таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати ғизоӣ вазифаи асосӣ — баланд бардоштани маҳсулнокии паранда ва сифати маҳсулоти он мебошад. Инчунин мақсад- пешсаф шудан на танҳо дар бозори дохилӣ, балки рушд додани содирот низ мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ» қабул шудааст. Барномаҳои рушди соҳаи парандапарварӣ татбиқ мешаванд. Яке аз вазифаҳои асосӣ — таъмини устувори аҳолӣ дар ҳаҷми кофӣ ва бо нархҳои дилхоҳ бо маҳсулоти соҳаи парандапарварӣ мебошад.
Дар Барномаи рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 нигоҳ доштани сатҳи бадастовардаи истеҳсоли тухм ва гӯшти мурғ, таъмини афзоиши миёнаи солона дар ташкилоти кишоварзӣ то 3% ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо бо роҳи татбиқи технологияҳои пешрафта пешбинӣ шудааст. Дар барнома аз ҳисоби баҳрабардории самараноки корхонаҳои мавҷудаи парандапарварӣ сохтмони корхонаҳои нав пешбинӣ шудааст.
АКС аз бойгонӣ








Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад
Самтҳои стратегии Маркази ҳамкории бисёрҷониба оид ба маблағгузории рушд барои солҳои 2027-2031 муаррифӣ гардид
ТАҲКИМИ БЕХАТАРИИ САНОАТӢ ВА РУШДИ УСТУВОР. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Кишоварзони Тоҷикистон имсол кишти такрориро аз нақша барзиёд иҷро намуданд






