Тоҷикистон ва Хорватия ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши сайёҳии экологию кӯҳнавардӣ мароқ зоҳир намуданд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо Хорватия ҳамкориро дар бахши сайёҳӣ тақвият медиҳанд. Дар ин робита имрӯз дар Душанбе мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразодава бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Хорватия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рефик Шабанович доир гардид, ки дар он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Хорватия дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Сафири Хорватия ҳавасмандии кишварашро барои тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, кӯҳгардӣ ва варзишӣ изҳор намуд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Хорватия дар соҳаи сайёҳӣ пешниҳод намуд, ки байни ду кишвар санадҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Ҷониби Хорватия пешниҳодро бо хушӣ қабул карда, барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ гузашт.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






