ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 24-26 феврал ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, борони бошиддат меборад
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 феврал дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусоид шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат меборад. 24 феврал борон борида, шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр барф меборад. 25 феврал дар ноҳияҳои водигию доманакӯҳӣ борон бо гузариш ба барф борида, 26 феврал дар бештари ноҳияҳо барф меборад. 25 феврал ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 12-14 дараҷа паст мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бо сабаби якбора пастшавии ҳарорати ҳаво дар бештари ноҳияҳои водигию доманакӯҳии кишвар эҳтимоли зиён дидани зироати хоҷагии қишлоқ, гулҳои ороишӣ ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимоли фаромадани тарма пешгӯӣ шуда, дар роҳҳои нақлиётгард пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст.
Ҳамзамон дар ноҳияҳои водигӣ ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
АКС аз бойгонӣ








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






