Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо Намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /БРСММ/ Пратибха Меҳта дар Тоҷикистон дархост намуд, ки кумаку дастгириҳои БРСММ ва зерсохторҳои онҳо барои амалӣ намудани ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ бештар равона карда шаванд. Дар навбати худ хонум Пратибха Меҳта масъалаи мазкурро қобили дастгирӣ арзёбӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва ҷалби маблағҳои бештари грантӣ барои татбиқи барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд.
Дар вохӯрӣ мусоҳибон оид ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии таъсири хавфҳои берунӣ, бахусус паҳншавии пандемияи коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ва таъсири он ба соҳаи иқтисоди миллӣ табодули назар карданд.
Мусоҳибон омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии оқибатҳои пайомадҳои пандемияи COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, дастгирии Барномаи қолабии СММ оид ба рушд (ЮНДАФ), мусоидат барои низоми моделсозӣ ва дурнамосозии макроиқтисодӣ, амалишавии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 баён намуданд.








Тоҷикистон ва Корея дар самти рушди ҳамкории техникӣ созишнома ба имзо расониданд
Дар шаҳри Сеул Форуми стратегии сармоягузории Тоҷикистон – Корея баргузор шуд
Дар мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Korea Eximbank густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт баррасӣ шуд
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо MCDF баррасӣ шуд
Вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Корея тақвияти ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт ва роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расонида шуд
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати «Oppenheimer & Co. Inc.» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкории гумрукиро густариш медиҳанд
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Корея тақвият меёбанд
Дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди устувори иқтисодӣ дар шаҳри Лондон муаррифӣ гардиданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати SK Specialty-и Корея оид ба коркард ва истеҳсоли волфрам тақвият медиҳад






