Вера Кулакова-Бранерруд: «Таҳияи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм — барои Тоҷикистон вазифаи бениҳоят муҳим ва мубрам аст»

Февраль 9, 2021 13:28

ДУШАНБЕ, 09.02.2021 / АМИТ «Ховар» /. «Таҳияи Стратегияи миллии мубориза бо терроризм — вазифаи — бениҳоят муҳим ва  мубрам аст. Ин саволи густурда ва ҷиддӣ аст» — чунин посух дод имрӯз  дар посух ба суоли    хабарнигори АМИТ «Ховар» ҳамватани мо, собиқ директори генералиии Радиои «Ватан» Вера Кулакова — Бранерруд, ки феълан дар Стокголм зиндагӣ мекунад.

Ба андешаи ӯ, пеш аз ҳама, мебояд, ки таҷрибаи пойтахтҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти татбиқи системаи Smart City омӯхта шавад. «Масалан, Лондон аллакай аз рӯи шумораи камераҳо дар як километри мураббаъ пешсаф аст ва то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст, ки шумораи умумии камераҳо, ки амниятро дар метрополис назорат мекунанд, аз 1 миллион зиёдтар карда шавад. Татбиқ ва истифодаи системаҳои навтарин дар асоси таҳлили Big Data (Маълумоти бузург), АI (зеҳни сунъӣ), технологияҳои ҷамъоварии таъҷилӣ, коркард ва таҳлили маълумот ба таври назаррас сатҳи бехатариро баланд мебардорад», — чунин меҳисобад Вера Кулакова-Браннеруд.

Вай инчунин таҷрибаи таъмини амният ва рафъи таҳдидҳои террористиро  ҳангоми гузаронидани мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ оид ба футбол дар Россия,  ки беназир эътироф шуд, мисол овард. “Пас аз мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон — 2018, бисёр кишварҳо ба технологияҳои амниятие, ки дар Россия истифода мешаванд, таваҷҷуҳи бесобиқа зоҳир карданд. Гузаронидани машваратҳо дар заминаи Маркази зиддитеррористии кишварҳои узви ИДМ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он шомил мебошад, бамаврид аст», — шарҳ медиҳад вай.

Тавре ки  Вера Кулакова-Бранерруд гуфтааст, бояд дар доираи стратегияи оянда ба кори пешгирии ҷалби наврасон ва ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ диққати махсус дода шавад. Муҳим ин аст, ки нуқтаҳои ҳамфикрӣ пайдо шаванд, сари вақт ба ниёзмандиҳои  қисми фаъолтарин ва ба осонӣ талқиншавандаи аҳолӣ посух дода шавад.

“Ҷавонон, новобаста аз вазъи молиявии худ, бояд имкониятҳои бештар барои рушди шахсӣ, мансабӣ ва касбӣ дошта бошанд. Марказҳои муосири фарҳангию маърифатӣ ва Бунёдҳои дастгирии ҷавонон метавонанд вазъро ба таври назаррас беҳтар намуда, ҷавононро ҳавасманд  созанд ва ҳамин тавр дар кори пешгирӣ ба шомилшавии онон ба ҳаракатҳои номатлуб нақши калидӣ дошта бошанд. Масалан, дар чунин марказҳо кӯдакон метавонанд гуруҳҳои мусиқӣ ва театрии ҷавонон, студияҳои бадеӣ ва техникӣ созанд, тамрин кунанд ва консертҳо баргузор намоянд. Соле чанд маротиба метавонанд дар чорабиниҳои гуногуни давлатӣ ва хусусӣ  ҳунарнамоӣ намоянд, таҷриба ҳосил намоянд ва пул кор кунанд. Ё ин ки, барои мисол, барои насли калонсол дарсҳои маҳорат ташкил намоянд», — шарҳ дод вай.

Февраль 9, 2021 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид