ВКХ ҶТ: Масъалаи тавсеаи СҲШ дар рӯзномаи Созмон нест
ДУШАНБЕ, 17.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тавсеаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар рӯзномаи Созмон нест. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Ҷумурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, масъалаи қабули кишварҳои нав ба Созмон 6-7 солро дар бар мегирад, тавре ки раванди қабули Покистон ва Ҳиндустон буд.
Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, ки имсол 20-умин солгарди таъсиси СҲШ таҷлил мегардад ва масъалаи баргузории беш аз 86 чорабинӣ ба ин муносибат баррасӣ мешавад. Аксари чорабиниҳо дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин тазаккур дод, ки ҳанӯз маълум нест, ки чорабиниҳо чӣ гуна — бо ҳузури ҳайатҳои кишварҳо ё тариқи видеоконфронс баргузор мешаванд. Ҳамааш аз вазъи эпидемиологӣ вобаста аст ва худи кишварҳо метавонанд шакли ширкатро интихоб кунанд. «Тоҷикистон умед дорад, ки Саммити сарони давлатҳои СҲШ дар Душанбе бо иштироки ҳайати кишварҳои узв ва нозир дар Душанбе баргузор мешавад», — зикр кард Вазири корҳои хориҷӣ.
15 июни соли 2001 дар Шанхай Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсиси СҲШ эълон карданд.
Пеш аз он ҳамаи ин кишварҳо, ба истиснои Ӯзбекистон, аъзои панҷгонаи Шанхай буданд.
8-9 июни соли 2017 дар Остона ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ба Ҳиндустон ва Покистон мақоми давлати узви Созмон дода шуд.
Чор кишвар — Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон — дар СҲШ мақоми нозир доранд.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






