ВКХ ҶТ: Тоҷикистон бо Толибон* гуфтушунид накардааст
ДУШАНБЕ, 16.02.2021/АМИТ «Ховар»/. Мақомоти расмии Тоҷикистон бо Толибон* мулоқот ва гуфтушунид накардааст. Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба саволи он ки оё Тоҷикистон бо толибон гуфтушунид кардааст, чунин посух гуфт.
Вазир шарҳ дод, ки Тоҷикистон ҳукумати расмии Афғонистонро дастгирӣ мекунад ва ҷонибдори сулҳу субот дар ин кишвар аст. «Мо мавқеи Ҳукумати ҶИА ва мардуми онро дастгирӣ мекунем», гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ба гуфтаи ӯ, вақтҳои охир вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон муташанниҷ гардидааст, вале он таҳти назорат буда, аз ҷониби неруҳои марзбонӣ ба таври боэътимод ҳифз карда мешавад.
Вазир зикр кард, ки охири моҳи марти соли равон сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Душанбе ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар назар аст. Ин конфронс дар якҷоягӣ бо Афғонистон баргузор карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки «Қалби Осиё — Раванди Истанбул»- ташаббуси минтақавии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Туркия буда, дар натиҷаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, ки 2 ноябри соли 2011 дар Истанбул баргузор шуд, роҳандозӣ гардид. Айни замон 15 давлат иштирокчии мустақими Раванди Истанбул мебошанд. 16 давлати дигар ва 12 созмони байналмилалӣ ин ташаббусро дастгирӣ мекунанд.
Конфронсҳои қаблии вазирони «Раванди Истанбул» дар Истанбул (2011), Кобул (2012), Алмаато (2013), Пекин (2014), Исломобод (2015), Амритсар (2016) ва Боку (2017) баргузор шуда буданд. Конфронси навбатии вазирон дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст.
АКС аз АМИТ «Ховар»
______________________________________________
* Толибон — гурӯҳи террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст








Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






