Мақомоти амнияти Афғонистон узви гурӯҳи «Толибон»-ро, ки таҳти пӯшиши дорусоз мехост муовини волии Лӯгарро террор кунад, боздошт намуд

Февраль 18, 2021 15:47

ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сарраёсати амнияти миллии Афғонистон рӯзи чоршанбе (17 феврал) эълон кард, як узви «Толибон»-ро, ки қасд дошт Робиа Станакзай, муовини волии вилояти Лӯгар ва як қатор мансабдорони маҳаллиро террор намояд, боздошт кардааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи иттилоотии «Ҳашти субҳ» 8am.af.

Ин Раёсат аз фарди боздоштшуда бо исми «Мисбоҳуллоҳ» ном бурдааст, ки зери пӯшиши дорусоз дар яке аз дорухонаҳои Лӯгар масъули назорат, таъқиб, минагузорӣ, қатли кормандони давлатӣ, неруҳои амниятӣ ва ғайринизомиён буд.

Манбаъ афзудааст, ки Мисбоҳуллоҳ мақсад дошт дар кӯтоҳтарин муддат муовини волии Лӯгар Робиа Станакзай, мушовири волӣ, фармондеҳи аршади полис ва сардори полиси маҳаллии Лӯгарро террор кунад.

Сарраёсати амнияти миллӣ қайд кардааст, ки гурӯҳҳои амалиётӣ ҳадафи шабакаи махфии террористиро муайян карданд ва зимни гузаронидани як амалиёт Мисбоҳуллоро боздошт ва нақшаҳои террористии ӯро хунсо карданд.

Ин Раёсат таъкид кардааст, ки «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҳанӯз ҳам ба андешаҳои «сангбаста» -и худ исрор меварзанд ва талоши канор задани занон аз саҳнаи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Афғонистон ҳастанд.

Амнияти миллӣ илова кард, ки «Толибон» тавоноии дарки дастовардҳои занонро надоранд, аммо неруҳои амнияти миллӣ ӯҳдадоранд тамоми шаҳрвандони кишварро ҳимоят кунанд.

«Толибон» ҳанӯз ин хабарро шарҳ надодаанд.

Февраль 18, 2021 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд