Зафарбек Давлатзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров: «Вазъ дар марз бо Қирғизистон зери назорат аст»
ДУШАНБЕ, 11.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазъ дар марз бо Қирғизистон ором аст ва сокинони маҳал метавонанд озодона гашту гузор кунанд. Дар ин бора иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Зафарбек Давлатзода (ДАР АКС) изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Спутник».
«Ҳоло вазъ дар марз муътадил аст ва ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад. Сарҳад зери назорати мақомоти давлатии ҳарду ҷониб қарор дорад», — зикр намуд Давлатзода.
Ба гуфтаи вай, ду ҷамоати калонтарини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров — Хистеварз ва Овчӣ-Қалъача, ки тӯли онҳо мутаносибан 22,5 ва 18,4 км мебошад, бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад мебошанд.
Давлатзода зикр кард, ки бинобар хуруҷи пандемияи коронавирус 34 гузаргоҳи хурду калон дар марзи байни ноҳияҳи Бобоҷон Ғафуров ва Лайлаки Қирғизистон баста шуданд.
Тобистони соли 2020 мақомоти ҳокимияти маҳаллии Тоҷикистон дар ҳар яке аз ин гузаргоҳҳо хандақҳо канда, роҳҳоро бастанд, то ин ки сокинон аз густариши вирус муҳофизат ва пеши роҳи воридшавии ғайриқонунӣ гирифта шавад.
Тарафи Қирғизистон ҳам барои пешгирии тавсеаи беморӣ тадбирҳо андешид. Масалан, фурӯши сӯзишворӣ дар масири роҳ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сӯи Конибодом манъ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол Давлатзода аниқ кард, ки имрӯз шаҳрвандони ду кишвар дар ҳолати зарурӣ метавонанд аз марз убур кунанд.
«Шаҳрвандон метавонанд расман барои ҳал намудани масъалаҳои муҳими ҳаётӣ, аз қабили табобат аз сарҳад гузаранд. Барои ин тасдиқи комиссияи таъсисёфтаи байниҳукуматӣ лозим аст», — хулоса кард иҷрокунандаи раиси ноҳия.
АКСИ: Sputnik








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






