Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чойхона ва тарабхонаи миллии «Шамсулло»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тӯҳфаҳо тақдим намуданд

Март 25, 2021 11:52

ДУШАНБЕ, 25.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло”-ро, ки аз тарафи сокини ватандӯсти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Кароматулло Абдуллозода сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бо бунёди иншооти маишӣ 50 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ бошад, 500 сохтмончӣ соҳиби кор гашта буд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар чойхона 150 ва дар тарабхона барои 200 нафар ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Чойхона ва тарабхона бо тарҳи зебои меъморӣ дар давоми 1 сол бунёд шуда, дари даромадгоҳи он бо чуб кандакорӣ, беруни бино бо сангҳои ороишии истеҳсоли ватанӣ ва дохили он бо истифода аз услуби хоси миллӣ ва гаҷкорию оинабадӣ шудааст.

Саҳни ҳавлии чойхонаи миллӣ бо сафолакҳои бетонии ороишӣ рӯйпӯш карда шудааст. Инчунин дар гирду атрофи бино барои сокинон ҷойи сайру гашт ва тамошо, бо чароғҳои ранга муҷаҳҳаз ва ду тарафи роҳравҳо бо гулу буттаҳои ороишӣ бунёд гардидааст.

Дар паҳлӯи бинои чойхона ва тарабхона ҳамчунин ҳуҷраҳои иловагӣ сохта шудааст ва имкон аст дар ин ҷо боз ба даҳҳо нафар мизоҷон хизмат расонда шавад.

Иншооти мазкур бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва соли таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Сокини ватандӯст Кароматулло Абдуллозода ният дорад, ки то ҷашни Истиқлол меҳмонхонаи боҳашамати “Наврӯз”-ро, ки аз 4 ошёна иборат хоҳад буд, бунёд намоянд.

Пас аз шиносоӣ бо тарҳи бино ва шароити хизматрасонӣ дар он Пешвои миллат ба иқдоми сокинони ватандӯсти ноҳия баҳои баланд доданд.

Баъди ифтитоҳи иншооти наву муосир ва шиносоӣ ба дастовардҳои меҳнаткашони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ошёнаи дуюми бино Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулли вилояти Хатлон вохӯрӣ анҷом дода, ба ҳамаи онҳо тӯҳфаҳои наврӯзии иборат аз сару либос, ширинӣ ва кумакҳои пулӣ тақдим карданд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои наҷиби инсондӯстӣ ва ятимпарварӣ ба аёдати ятимони кулл рафта, аз шароити будубоши онҳо дар хона-интернатҳо шинос мешаванд ва чун анъанаи накуи баҳорӣ кумакҳои моддӣ мерасонанд.

Дар мулоқоти имрӯза 150 нафар ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Шаҳритус, Ёвон ва Носири Хусрав аз кӯмакҳои Пешвои миллат баҳравар гардиданд.

Ифтитоҳи чойхона ва тарабхонаи миллии “Шамсулло” ва тақдими тӯҳфаҳо ба ятимони кулли вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25.03.2021

Март 25, 2021 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад