Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи томактабии хусусии «Санавбар»-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ намуданд

Март 25, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 25.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии ”Санавбар”-ро  мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароит ва имконоти боғчаи нав шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён суҳбати самимӣ доир намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии хусусӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби оилаи Саидзодаҳо бунёд гардида, дар он таълиму тарбияи кӯдакон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.

Сохтмони иншоот бо ҷалби ҳунармандони соҳибзавқ анҷом ёфта, дохили боғча бо санъати баланди меъмории миллӣ, ки мутобиқ ба завқу салиқаи кӯдакон мебошад, зебу оро дода шудааст.

Боғчаи “Санавбар” аз ду ошёна иборат буда, имконият дорад, ки бештар аз 200 кӯдакро ба тарбия фаро гирад. Тавре маълум гашт, омӯзиш дар муассисаи нав бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шуда,  мураббиён дар асоси озмун ба кор қабул карда шуданд. Дар иншооти нави соҳаи маориф 32 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Муассисаи томактабӣ ҳамчунин дорои утоқи алоҳидаи тиббӣ, китобхона, ошхона ва толори фарҳангӣ буда, дар маҷмӯъ дорои 22 утоқ мебошад. Айни замон дар боғча 8 гурӯҳ  таъсис ёфта, ифтитоҳи иншооти нав дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷое мушкилоти сокинони маркази ноҳияро дар самти дастрасӣ ба муассисаи томактабӣ ҳаллу фасл намуд.

Зимни боздид мураббиёну кӯдакон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тӯҳфаи арзишманд ва фароҳам намудани шароиту имконоти замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” имконияти мусоид барои таълиму тарбияи кудакон муҳайё буда, барои бозиву фароғат низ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дохили гурӯҳҳо бо ҷиҳозу аёниятҳои муосиру замонавӣ таъмин буда,  ороиши дохили утоқҳо низ мувофиқ ба хоҳишу завқи кӯдакон анҷом дода шудааст.

Ифтитоҳи Муассисаи томактабии хусусии “Санавбар” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 25.03.2021

Март 25, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон