Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 21.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон истеҳсол шудааст, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% афзуда, беш аз 1 миллиард сомонӣ (88,8 миллион доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад агентии «Авеста».
Бино ба маълумоти Агентии омор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ва чорводорӣ вобаста аст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар моҳҳои январ-феврали соли 2021 нисбат ба моҳи январи соли 2020 32,7% ва соҳаи чорводорӣ — 5,7% афзоиш ёфт.
То 1 марти соли ҷорӣ хоҷагиҳои комплекси агросаноатии кишвар дар майдони 29,8 ҳазор гектар тухмии ғалладона ва зироати лӯбиёгӣ кишт намуданд.
Дар майдони зиёда аз 233,4 ҳазор гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд. Ин нишондод дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2020 32% камтар аст. Майдони токзорҳои нав имсол нисбат ба моҳҳои январ-феврали соли гузашта 4,6% кам шуда, ба 13,1 гектар расид.
Масоҳати боғҳои барқароршуда дар давраи ҳисоботӣ 564,2 гектар ва токзорҳо 68 гектарро ташкил дод.
Маълумоти оморӣ бо дарназардошти ҳамаи таснифоти хоҷагиҳо тартиб дода шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






