Роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои тақвияти хатсайрҳои сайёҳиро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet», миёни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт. Ин нукта дар мулоқоти роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар шакли маҷозӣ доир гардид, зикр шуд.
Дар мулоқот Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода, Раиси Кумитаи саноати сайёҳии Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон Дастан Риспеков, муовини вазири фарҳанги Туркманистон Нурсахет Ширимов, муовини раиси Кумитаи давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Азамов, Директори департаменти сайёҳии Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сайёҳии Ҷумҳурии Қирғизистон Самат Шатманов ва роҳбарони ассотсиатсияву ташкилоти сайёҳии минтақа иштирок намуда, масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳиро бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода зикр намуд, ки барои Тоҷикистон рушди сайёҳӣ аҳамияти хосса дошта, ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ва ба сатҳи байналмилалӣ баробар намудани он дар авлавияти сиёсати Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Имрӯз мавқеи Тоҷикистон зери ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои муҳими глобалӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ таҳким ёфта, кишвари мо дар раддабандиҳои глобалӣ сатҳу эътибори хосса пайдо карда истодааст.
Баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди байналмилалӣ дар соли равон, аз ҷумла Форуми сайёҳии байналмилалӣ дар ҷашнвораи Наврӯзи байналмилалӣ, Форуми байналмилалии сайёҳии мақомоти сайёҳии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, Фестивали хӯрокҳои миллии кишварҳои СҲШ барои устувории имиҷи сайёҳии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ мегарданд. Аз ҷониби дигар, моҳияти баргузории чорабиниҳои мазкур дар тақвияти робитаҳои сайру сайёҳӣ миёни кишварҳои минтақа заминаи муосид фароҳам месозад.
Дар мулоқот зарфияти сайёҳии кишварҳо тариқи рӯнамо ба иштирокчиён муаррифӣ гардид.
Яке аз занҷираҳои муҳим, ки дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони хориҷӣ қарор дорад, ин боздид аз хатсайри Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ мебошад. Шаҳрҳои қадима ва манзараҳои дилфиреби Осиёи Марказӣ, ки дар ин масири таърихии машҳур воқеанд, шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Зикр шуд, ки айни замон ҳамкорӣ байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ гардида истодаанд. Ин омил имконият медиҳад, ки сайёҳони хориҷӣ зимни саёҳати худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ якбора аз чанд кишвари дорои пайроҳаи Шоҳроҳи Абрешим дидан намоянд.
Соли 2020 Тоҷикистон тибқи назарсанҷии маҷаллаи байналмилалии бонуфузи «Lonely Planet» байни 10 минтақаи беҳтарини саёҳат ва сафар ба Шоҳроҳи Абрешими Осиёи Марказӣ дар мақоми аввал қарор гирифт.
Масъулини мақомоти сайёҳии минтақа бори дигар хулоса бароварданд, ки дарвоқеъ дар асри ҷаҳонишавӣ ва пеш омадани зарурати ҳамгироии минтақавӣ дар сатҳи Осиё сайёҳӣ падидаи бисёр нодирест, ки миллатҳои гуногунро бо ҳам наздиктар месозад ва ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии минтақа мусоидат менамояд.








«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд






