Ҳайати кории Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкории тиҷоратӣ ба Дубай сафар кард
ДУШАНБЕ, 09.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 6 март сафари кории ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавқат Бобозода ба шаҳри Дубай ба мақсади рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва омӯзиши таҷрибаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар самти басту банди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла меваи хушк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни сафар вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавқат Бобозода бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай Маҷид ал-Ғурайр доир гардида, дар он имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти гардиши мол, бахусус ташкили корхонаҳои муштарак, содироту воридоти молу маҳсулоти гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар мулоқот имконоти содиротӣ ва сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Дубай изҳор намуд, ки бо мақсади муайян кардани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишварҳои Осиёи Маркзӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Палата гурӯҳи кории махсус таъсис дода шуда, ҳоло масъалаи мазкур мавриди омӯзиш қарор дорад.
Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон аз бузургтарин минтақаи озоди тиҷоратии Ҷабал Алии шаҳри Дубай, ки дар ҳудуди он беш аз 8000 ширкат фаъолият карда, дорои чор бандари бузурги обӣ мебошад, боздид намуд.
Вохӯрии Директори Агентии содирот Ш.Бобозода бо Роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии Ҷабал Алӣ (JAFZA (DP World) баргузор гардида, ҳайати Тоҷикистон бо таҷрибаи беш аз 50-солаи минтақаи озоди тиҷоратии мазкур шинос шуд.
3 марти соли 2021 мулоқоти Директори Агентӣ Ш.Бобозода бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Шориқа Абдуллоҳ ал-Увайс баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва содироти мол табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, форуми тиҷоратӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он гуфтушуниди ҳайати Тоҷикистон бо доираи соҳибкорони Шориқа оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар самти басту банди меваи хушк ва содироти он (мева, асал, об ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ) ба Аморот барпо шуд. Ҳайати Тоҷикистон инчунин аз намоишгоҳи Палатаи савдо ва саноти Шориқа, ки ба таври доимӣ амал мекунад, боздид намуда, бо молу маҳсулоти истеҳсолии Шориқа шинос гардид.
Ҳамзамон ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои бузурги Дубай дар самти басту банди маҳсулот, аз қабили “Корис Пакинг”, “Рото Пакинг”, “Ҳасани Групп” ва “ДМСС” дидан намуда, бо роҳбарияти ширкатҳои мазкур доир ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом дод.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






