Ҳарифони паҳлавонони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии дзюдо — «Tashkent Grand Slam 2021» муайян шуданд

Март 5, 2021 08:29

ДУШАНБЕ, 05.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4  март  дар шаҳри Тошканд-пойтахти  Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими қуръакашии мусобиқаи “Tashkent Grand Slam 2021” баргузор гардид, ки дар натиҷа рақибони паҳлавонони шинохтаи  тоҷик маълум  шуданд. Дар ин  бора шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар  Мусобиқаи байналмилалии дзюдо бо номи «Tashkent Grand Slam 2021» Ҷумҳурии Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Инҳо паҳлавонони шинохта – Абумуслим Қаюмзода ва  Шаҳбоз Саидаброров дар вазни  -60кг, Баҳром Суфиев ва Алиҷон Сафаралиев дар вазни   -66кг, Сомон Маҳмадбеков  дар вазни -73 кило, Акмал Муродов  ва  Назаров Ҳақназар дар вазни  -81кг, Комроншоҳ Устопириён ва Амирҷони Насимҷон дар вазни  -90 кг, Саидҷалол Саидов ва  Раҳмон Мансур дар вазни -100 кг,  Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов (ҳарду дар вазни +100 кг)  мебошанд.

Дар сабқати занон аз ҷумҳурии мо як нафар- Шоҳида Қаландарова (дар вазни то 63 кг)  ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Дар рӯзи аввали мусобиқа –5 март қувваозмоиҳо дар вазнҳои -60 кг, -66 кг миёни мардон ва -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон доир мегарданд. Дар рӯзи дувум – 6 март паҳлавонони  вазнашон -73 кг, -81 кг миёни мардон ва -63 кг, -70 кг миёни занон рақобат хоҳанд кард. Мусобиқа 7 март бо қувваозмоиҳои варзишгарони вазнашон -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон ва -78 кг, +78 кг миёни занон ба поён мерасад.

Натиҷаи қуръакашӣ:

5 март. Рӯзи якум (шурӯъ аз соати 09:00 бо вақти Душанбе)

-60кг. Даври 2. Абумуслим Қаюмзода — Салиҳ Йлдз (Туркия)

-60кг. Даври 2. Шаҳбоз Саидабуроров – Янислав Герчев (Булғористон)

-66кг. Даври 2. Алиҷон Сафаралиев – бо ғолиби ҷуфти Пирас Маттео (Италия) – Дмитрий Минков (Беларус)

-66кг. Даври 1. Баҳром Суфиев – Натон Бернс (Ҳолланд)

6 март. Рӯзи дуюм (шурӯъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-63кг. Даври 2. Шоҳида Қаландарова — Хан Хи-Ҷу (Корея)

-73кг. Даври 2. Сомон Маҳмадбеков — бо ғолиби ҷуфти Евгений Прокопчук (Россия) — Георгиос Азоидис (Юнон)

-81кг. Даври 1. Акмал Муродов – Дидор Ҳамза (Қазоқистон)

-81кг. Даври 1. Ҳақназар Назаров — Георгий Шеразадишвили (Гурҷистон)

7 март. Рӯзи сеюм (шурӯъ аз соати 09:30 бо вақти Душанбе)

-90кг. Даври 2. Комроншоҳ Устопириён — бо ғолиби ҷуфти Лорензо Ригано (Италия) — Аслан Сагитбек (Қазоқистон)

-90кг. Даври 1. Амирҷони Насимҷон — Теодорос Тселидис (Юнон)

-100кг. Даври 1. Саидҷалол Саидов — Матиас Мадсен (Дания)

-100кг. Даври 2. Мансур Раҳмон — Рамадан Дарвеш (Миср)

+100кг. Даври 1. Темур Раҳимов – Ричард Сипотс (Маҷористон)

+100кг. Даври 1. Шакармамад Мирмамадов — Еней Маринич (Словения)

Ёдовар  мешавем, ки  варзишгарон дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Инчунин ба беҳтаринҳо ҷоизаҳои молӣ тақдим мегарданд. Дар ҳар вазн ба ғолиб 5000 доллари ИМА, барои ҷойи дуюм 3000 доллар ва барои ҷойҳои сеюм 1500-долларӣ супурда хоҳанд шуд. Варзишгарон мувофиқи талаботи низомномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио то моҳи июни имсол имкон доранд, ки имтиёзҳо ба даст оварда, мавқеашонро дар феҳристи ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпӣ беҳтар намоянд. Баъдан Федератсияи байналмилалии дзюдо феҳристи ниҳоии ҷаҳонӣ ва инфиродии олимпиро нашр мекунад ва 22 нафар беҳтаринҳо дар ҳар вазн соҳиби роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии Токио хоҳанд шуд.

Март 5, 2021 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд