Ба шарафи ҷашни Наврӯз кормандони фаъоли Беморхонаи шаҳрии Бӯстон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз 18 март дар фазои идона ба як гурӯҳ табибони фаъоли шуъбаҳои Беморхонаи шаҳри Бӯстон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода кулли табибон, ҳамшираҳои шафқат ва иштирокдоронро ба муносибати Наврӯзи хуҷастапай таҳният гуфта, аз гиромидошти беҳтарин анъанаву суннатҳои ниёгон ёдовар шуд.
Номбурда аз хусусияти хоси Наврӯз, ки бо ибтикори наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукуҳи ҷаҳонӣ касб намудааст, ёдовар шуд.
Ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ Назира Ғаффорӣ низ кулли табибони шаҳри Бӯстонро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи хуҷастапай таҳният гуфта, барояшон муваффақияти пайваста орзу намуд.
Дар охир аз ҷониби аҳли фарҳанг ва табибону ҳамшираҳои шафқат барномаи рангини фарҳангӣ, қироати шеъру суруд ва саҳнаҳои ҳаҷвӣ пешкаши иштирокдорон карда шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






