«БО МАН ДАР МАЙДОНИ ВАРЗИШ ОДИЛОНА МУҲОРИБА КАРДАН НАХОСТАНД». Чемпиони Олимпиада оид ба гурзандозӣ Дилшод Назаров барои допинг ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари маъруфи ҷаҳон Дилшод Назаров барои истифодаи допинг ду сол аз иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ маҳрум карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора хадамоти матбуоти мақоми мустақили варзиши сабук «Athletics Integrity Unit» (AIU) хабар додааст.
Назаров моҳи сентябри соли 2019 бинобар ошкор шудани моддаҳои манъшуда дар санҷиши допинги ӯ, ки дар чемпионати ҷаҳонии 2011 гузаронида шуда буд, муваққатан барканор карда шуд. Пас аз баррасии парванда дар AIU, дар бораи ду сол маҳрум кардани варзишгари 38-сола қарор қабул карда шуд. Муҳлати маҳрум кардани он аз 24 сентябри соли 2019 оғоз меёбад. Натиҷаҳое, ки Назаров аз 29 августи соли 2011 то 29 августи соли 2013 ба даст овардааст, бекор карда шуданд.
Назаров дорандаи медали тиллои Бозиҳои олимпии 2016 ва медали нуқраи чемпионати ҷаҳон 2015 дар гурзандозӣ мебошад. Айни замон, ӯ вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва президенти Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Ёдовар мешавем, ки AIU ташкилоти мустақили зидди допинг дар варзиши сабук мебошад. Онро Ассотсиатсияи байналмилалии варзиши сабук (IAAF) моҳи апрели соли 2017 таъсис дод ва он мустақилона аз IAAF фаъолият мекунад.
Дирӯз Дилшод Назаров ба АМИТ Ховар дар бораи айбдор шуданаш дар истифодаи допинг чунин гуфт:
«Он гунае, ки шумо огоҳӣ доред, ман дар тӯли 1,5 соли охир барои барқарор кардани шарафи номи худ мубориза бурдам. Мутаассифона, тамоми кӯшишҳои маънавию ҷисмонӣ ва молиявии ман бенатиҷа буданд, зеро ҳамаи далелҳои барои исботи бегуноҳиям, ки аз ҷониби адвокати аврупоии кирояшудаи ман пешниҳод гардиданд, пешакӣ аз ҷониби айбдоркунандагон ба тӯҳмат эътимоднок карда шуданд. Ман дар майдони муборизаи ҳалоли варзишӣ барои онҳо як рақиби пурқуввату тавоное будам, ки ба таври дуруст ва аз рӯи меъёрҳои варзишӣ бо ман рақобат кардан барояшон мушкил буд ва онҳо аз роҳи ҳалоли рақобат даст кашида, тасмим гирифтанд, ки маро ба майдони ҷангашон кашанд. Бо онҳо дар майдони худашон мубориза бурдан бошад, ба мисли бо “осиёи бодӣ” ҷанг кардан аст, ки анҷомаш нокомӣ мебошад.
Ман намефаҳмидам, ки чаро вақте ки ман ва тими ман ҳар вақте ки ба пирӯзӣ наздик мешудем, санаи муҳокимаҳо мавқуф гузошта мешуд ва баъдан гаштаю баргашта ин саҳна такрор меёфт. Ҳеҷ намефаҳмидем, ки барои чӣ ба номаҳои мо моҳҳо посухе намерасад?
Ахиран ман қарор кардам, ки ба ин бозиҳо хотима гузорам, аммо баъд аз 2 рӯз бароям номае расид, ки ман то 24 сентябри соли 2021 аз ҳуқуқи иштирок намудан дар мусобиқаҳо барканор шудам.
Баъдан, муҳлатро ҳисоб карда, фаҳмидам, ки ҳузури ман дар Олимпиадаи Токио барояшон мувофиқ нест. Бино бар ин, то 24 сентябри соли 2021 аз ҳаққи иштирок дар бозиҳо маҳрум карданд. Онҳо ин ҳақро аз ман гирифтанд, аммо ман мисли пешина чемпиони Бозиҳои олмипии соли 2016 дар Рио ҳастам ва медали тилло дар хазинаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст.»
Ман ба Пешвои муаззами миллат, Президенти муҳтарамамон Эмомалӣ Раҳмон, шаҳрдори Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва дастаи ӯ барои дастгирӣ ва кумакҳои расонидашудаашон, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар ин давраи тӯлонӣ аз ин қазия изҳори нигаронӣ карданд, миннатдории самимонаи худро баён менамоям».
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе курсҳои омӯзишӣ барои мураббии дарвозабонҳо ба анҷом расид
Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад






