Бозори фурӯши онлайнӣ дар Тоҷикистон бо суръати баланд тавсеа меёбад

Март 4, 2021 13:16

ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи тиҷорати электронӣ ё онлайнӣ қадамҳои муассир мегузорад. Дар робита ба он имрӯз дар Душанбе  ҷаласаи нахустини Шӯрои  рушди  тиҷорати электронии назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки  дар он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, вазорату идораҳои мамлакат, шарикони рушд, бахши хусусӣ, ширкатҳои IT телекоммуникатсионӣ, коршиносони бахши тиҷорати электронӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи якуми Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ  Ҷамшед Ҷумъахонзода доир ба ҳадафҳои таъсиси Шӯрои рушди тиҷорати электронии  назди Палатаи савдо  ва саноати ҷумҳурӣ ва иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди Ҳукумати электронӣ ва рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ зикр кард, ки   Шӯрои тиҷорати электронии назди  Палатаи савдо  ва саноати ҷумҳурӣ  платформаи муҳими ҷамъиятӣ буда, барои муҳокимаи масъалаҳои  марбут ба мушкилот,  таблиғ ва рушди тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шудааст. Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии

Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода афзуд, ки «бозори фурӯши онлайнӣ дар Тоҷикистон бо суръати баланд тавсеа ёфта, ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам рушд хоҳад кард».

Мониторинги қонунгузории миллӣ оид ба масъалаҳои  тиҷорати электронӣ, ба роҳ мондани робита ва ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута, ташкилоти  миллӣ ва байналмилалӣ, иттиҳодияҳои соҳавӣ, ассотсиатсияи соҳибкорон, ширкатҳои инфиродӣ, ки дар соҳаи тиҷорати электронӣ фаъолият мекунанд, инчунин гузаронидани мониторинги ҳолат, тамоюл ва  динамикаи рушди  бозори тиҷорати  электронӣ, таъсири он ба рушди соҳаҳои саноат  ва таҳияи тавсияҳои зарурӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Шӯрои рушди тиҷорати электронӣ мебошад. Ҳамзамон мусоидат дар таблиғи  лоиҳаҳои   муҳими Тоҷикистон  дар соҳаи тиҷорати электронӣ,  ташкил ва иштирок дар намоишгоҳу ҳамоишҳо, гузаронидани таҳқиқоти  иттилоотию таҳлилӣ ва маркетингӣ, ҷалби ташкилоти илмӣ ва иттилоотӣ-таҳлилӣ  барои таҳқиқи мушкилоти марбут ба тиҷорати электронӣ  рисолати дигари Шӯрои  рушди тиҷорати электронист.

Зикр шуд, ки  таъсиси Шӯрои  рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон иқдоми саривақтӣ ва муҳим буда, он ба таҳкими тиҷорати электронӣ дар мамлакат мусоидат менамояд.

Иштирокдорони ҷаласа таъкид  карданд, ки дар Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии  рушди тиҷорати электронӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, қабул ва мавриди амал қарор додани   якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ- Консепсияи  Ҳукумати электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон,     Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи қоидаҳои ягонаи вебсайтҳои  расмии вазорату идораҳо, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар Интернет», Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маълумоти шахсӣ ва ҳифзи онҳо», «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»,  Консепсияи иқтисоди рақамии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ва  Стратегияи рушди тиҷорати электронӣ аз ҳамин қабиланд.


Иштирокдорони ҷаласа иброз доштанд, ки  рушди равандҳои иттилоотонӣ барои бахшҳои тиҷорат аҳамияти муҳим дошта, истифодаи  фаъоли  технологиҳои   муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ  на танҳо манбаи иловагӣ  ҷиҳати баланд бардоштани  самаранокии фаъолияти субектҳои  соҳибкорӣ, балки имконияти васеъ барои рушди фазои иқтисоди миллӣ, шароит барои рақобати баробар ва одилона, баланд бардоштани шаффофияти субъектҳои  соҳибкориро фароҳам меорад.

Дар ҷаласа муовини сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Муқаддасзода,  роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ  Нӯъмон Абдуғаффорзода, Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Изатулло Саидзода  ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари USAID дар Тоҷикистон Кит Симмонс сухан карданд.

Тавре Кит Симмонс зикр намуд: «Рушди тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон на танҳо барои ширкатҳои бузург, балки барои корхонаҳои хурду миёна имконияти нав фароҳам меорад ва ба онҳо имкон медиҳад, ки фурӯш, содирот ва ташкили ҷойҳои нави кориро зиёд намоянд. Ин ба аҳолӣ имкон медиҳад, ки бо нархи арзон ба доираи васеи маҳсулот ва хидматҳо дар бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Соҳаи мазкур барои давлат низ муҳим мебошад, зеро он иқтисоди шаффофтарро фароҳам меорад ва соҳибкоронро ба боз шудан ва дур шудан аз иқтисоди пинҳонӣ ташвиқ мекунад, ки ин дар ниҳоят ба афзоиши даромади давлат оварда мерасонад».

Дар ҷараёни ҷаласа ба иштирокчиён рӯнамо дар бораи Шӯрои  рушди тиҷорати  электронии назди Палатаи савдо  ва саноати ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, доир ба таъсис, ҳадафҳо ва нақшаи кори Шӯро барои соли 2021 гузориш манзур шуд.

Баргузории нахустин ҷаласаи Шӯрои  рушди тиҷорати электронии назди Палати савдо ва саноати Тоҷикистон дар ҳолест, ки  соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию  воридотӣ ва транзитӣ» гузашт. Ҷорӣ намудани низоми Равзанаи ягона ҷиҳати  суръат  бахшидани раванди   роҳандозии   технологияҳои муосири  иттиллоотию коммуникатсионӣ  ба фаъолияти   мақомоти марбутаи мамлакат, аз ҷумла Хадамоти гумрук ва рушди ҳукумати электронӣ  дар Тоҷикистон   мусоидат намуда,  гузаришро  аз шакли коғазӣ  ба шакли электронии  мубодилаи ҳуҷҷатҳо таъмин менамояд.

 

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 4, 2021 13:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид