Дар ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд

Март 12, 2021 09:02

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ дар  ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм), ки таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашӯрбой Солеҳзода дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савои мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин ҳамоиш бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиши таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ доир гардид.

Доир ба масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар мамлакат дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нав Умед Солеҳзода ба аъзои Гурӯҳи корӣ гузориши муфассал пешниҳод намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаи роҳҳои таъмини шуғли аҳолӣ дар кишвар дар шароити кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол мегардад.

Март 12, 2021 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст