Дар «Амонатбонк» ҷашни фархундаи Наврӯзи Аҷамро истиқбол намуданд

Март 20, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷашни ҷаҳонии Наврӯз зимни баргузории ҳамоиши идона таҷлил гардид, ки дар он роҳбарони бонк, Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ва аҳли кормандони «Амонатбонк» иштирок намуданд.

Тавре аз бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ кормандони бонкро бо ҷашни фархундаи Наврӯз табрик намуда, роҷеъ ба ҷойгоҳи  ин ҷашни бостонӣ сухан намуд.

Зикр шуд, ки беш аз шаш ҳазор сол аст, ки шамъи Наврӯз ба олами зеҳни миллати мо зиё мебахшад ва ин ҷашн бо фаъолияти созандаи мардум, эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ ва ҳаёти маданию фарҳангии миллати куҳанбунёди мо пайванди ногусастанӣ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ҷашни Наврӯз нишебу фарозҳои таърих, ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ ва маънавиҳои зиёдеро паси cap карда, то ба имрӯз омада расидааст.

«Мояи ифтихор аст, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ  расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуда, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд. Ҳамчун иди байналмилалӣ пазируфта шудани Наврӯз таваҷҷуҳи оламиёнро ба асли вуҷуди тоҷикон, марзу бум, таърих ва забон, ҳунар ва ойини миллати мо ҷалб кард», — тазаккур дод Сироҷиддин Икромӣ.

Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ бо қироати шеърҳои ноби пурмазмун дар васфи Ватан, Наврӯз ва баҳор ба ҳамоиши идона шукӯҳи хосса зам намуд. Назри Язонӣ  иброз дошт, ки Наврӯзи соли 2021 барои ҳар сокини Тоҷикистон Наврӯзи хосса аст, зеро имсол дар Тоҷикистон ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Бо итминон метавон гуфт, ки имсол Наврӯз аз иқболу истиқлол ва ваҳдат мужда медиҳад.

Март 20, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷашни Наврӯз ботантана таҷлил гардид
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти ин унвон дар Ёвон ҳамоиши бошукуҳи наврӯзӣ доир шуд
Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ҷашни Наврӯзро бо риояи суннатҳои миллӣ таҷлил намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Шукуҳи наврӯзии муносибатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Хадамоти алоқа ҷашни Наврӯзро бо иштироки меҳмонони хориҷӣ таҷлил намуданд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд