Дар Душанбе ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба «Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо» доир шуд

Март 17, 2021 10:22

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба «Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо (SUN)» дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, шарикони рушд ва намояндагони сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода  зимни ҷаласа иброз дошт, ки «нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» 25 феврали соли 2021 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Нақшаи мазкур бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ва принсипҳои роҳбарикунанда, инчунин нишондиҳандаҳои ҳадафноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқ карда шудааст».

Зикр шуд, ки  ин нақша аз  ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномаҳои соҳаи тандурустӣ ва ғизо дар Тоҷикистон, аз ҷумла стратегияҳои бахши тандурустӣ, амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ғизои мактабӣ, Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 ва якчанд барномаҳое, ки ҳадаф ва фаъолияташон ба ғизо алоқаманд буда, бо дастгирии шарикон амалӣ мегарданд, асос ёфтааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Ҳаракат оид ба тавсеаи мудохила ба ғизо (SUN) ҳамроҳ гардид ва масъалаҳои ғизо ба вазифаҳои афзалиятнок мубаддал гардидаанд. Нишондиҳандаҳои мақсадноки Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соҳаи ғизо барои давраи то соли 2025 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҳадафи 2 (тандурустӣ) расман қабул гардиданд.

Март 17, 2021 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд