Дар Душанбе конфронси 9-уми кишварҳои иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29-30 март дар Душанбе нуҳумин конфронси вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари иштирокчии «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар мавзӯи «Таҳкими ҳамраъйӣ барои сулҳ ва рушд» баргузор мешавад. Соли равон конфронс таҳти раёсати Тоҷикистон ва бо сарпарастии Тоҷикистон ва Афғонистон баргузор хоҳад шуд.
Дар рӯзи аввал, 29 март, мулоқоти шахсии сарварони давлатҳо сурат мегирад ва вазирони кишварҳои иштирокчии раванд ҷаласаи муштарак доир мекунанд.
Аллакай рӯзи дигар, 30 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ конфронс баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон зимни гуфтугӯи телефонӣ сарони ду давлат дар мавриди масоили минтақавӣ ва вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Афғонистон, инчунин рӯзномаи масоили рӯзмарраи байналмилалӣ табодули назар намуданд. Президентҳо роҳҳои муассири истиқрори сулҳ ва суботро дар Афғонистон муҳокима карданд. Президенти Тоҷикистон бори дигар зикр намуданд, ки ҳамеша кӯшишҳои ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати истиқрори субот ва аз нав барқарор намудани кишвар дастгирӣ мекарданд ва ҳамин сиёсатро идома хоҳанд дод.
Тибқи рӯзнома, иштирокчиёни “Қалби Осиё — Раванди Истанбул” муштаракан дар Душанбе таҳкими ҷомеаи ҷаҳонро ба манфиати сулҳ ва рушди Афғонистон баррасӣ мекунанд.
Дар конфронс Эъломияи Душанбе қабул хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳадафи “Конфронси Истанбул барои Афғонистон”, ки соли 2011 бо ташаббуси Туркия шурӯъ шуда буд, таҳкими ҳамкории минтақавӣ мебошад.
“Қалби Осиё — Раванди Истанбул” — ин платформаи муҳими минтақавӣ барои тарғиби субот, сулҳ ва шукуфоӣ дар минтақа, ҳамкории наздики минтақавӣ ва муколамаи сиёсӣ дар самти тавсеаи робитаҳои Афғонистон бо тамоми минтақа мебошад.
Ба «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Россия, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон, Туркия, Туркманистон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва СММ шомил мебошанд.
Конфронсҳои пешини «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» дар Истанбул (Туркия, 2011), Кобул (Афғонистон, 2012), Алмаато (Қазоқистон, 2013), Пекин (Чин, 2014), Исломобод (Покистон, 2015), Амритсар ( Ҳиндустон, 2016), Боку (Озарбойҷон, 2017), Истанбул (Туркия, 2019) баргузор шуда буданд.








Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад






