Дар Душанбе масъалаҳои баргузории конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» баррасӣ гардиданд

Март 1, 2021 17:12

ДУШАНБЕ,  01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 март Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Нобро ба ҳузур пазируфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон ва раванди тадорукот ба сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғаниро барои иштирок дар  Конфронси 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Инчунин 1 март муовини сиёсии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб бо муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ мулоқот намуд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 1, 2021 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд