Дар Душанбе мулоқоти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Покистон доир шуд
ДУШАНБЕ, 31.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти дуҷониба байни Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад, баргузор гардид.
Дар ин вохӯрӣ ду ҷониб ба масъалаҳои татбиқи тавофуқоти дар чаҳорчӯби сафарҳои сатҳи олӣ бадастомада, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Покистон таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳамияти тавсеаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, фарҳангу гардишгарӣ, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, аз ҷумла идомаи татбиқи лоиҳаи CASA-1000 таъкид карданд.
Ҳамчунин масъалаҳои тавсеа ва таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо таъкид карданд, ки ду кишвар дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ-терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарик мебошанд.
Зимнан таъкид гардид, ки баргузории Нуҳумин Конфронси вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул», ки 29-30 марти 2021 дар Душанбе баргузор гардид, ҷиҳати пешбурди раванди сулҳ, ҳалли қазияи Афғонистон ва тавсеаи ҳамкории кишварҳои ширкаткунандаи Раванд мусоидат хоҳад кард.
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Покистон дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






