Дар Душанбе мулоқоти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон доир шуд

Март 30, 2021 17:17

ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 март дар Душанбе дар ҳошияи Нуҳумин конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё – Раванди Истанбул» нишасти сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар нишаст масъалаҳои ҳамкориҳои сеҷониба дар бахшҳои амният, мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, энергетика ва зерсохтор, ҳамлу нақли транзитии мол, тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт барои Афғонистон баррасӣ шуданд.

Инчунин тасмим гирифта шуд, ки ҷиҳати ба таври васеъ баррасӣ намудани масъалаҳои мазкур гурӯҳи кории муштарак аз ҷониби се кишвар таъсис ёбад.

Изҳори умед гардид, ки ин мулоқот оғозгари марҳалаи нав дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории се кишвари ҳамзабон шавад.

АКС аз ВКХ ҶТ

Март 30, 2021 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд