Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси 9-уми вазирони «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар вохӯрӣ алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ таъкид гардид. Таҳкими ҳамкории байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эрон, инчунин ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо бо ишора ба нақши Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар роҳи тавсеаи ҳамкорӣ бар зарурати иҷрои тавофуқоти нишасти маҷозии Кумитаи пайгирии иҷлосияи 13-уми Комиссияи муштарак ва омодагии шоиста ба баргузории иҷлосияи 14-уми Комиссияи муштарак дар нимаи якуми соли ҷорӣ таъкид карданд. Дар ин замина аҳамияти афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зикр шуд.
Гузашта аз ин, ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи комили Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амниятро баррасӣ карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд






