Дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад

Март 17, 2021 08:57

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иқдоми шаҳрдории Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд мешавад. Ҳоло дар ин макон охирин корҳои ороишӣ ба анҷом расида истодаанд.

Тавре аз маркази матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  муаллифони ороиш Ғуломҷон Қосимов ва Ғафур Дадобоев буда, дар ҳудуди «Боғшаҳри наврўзӣ» аз тарафи кормандони Сарраёсати ободонии шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврўзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврўз гузошта мешаванд.

«Боғшаҳри наврўзӣ» аз 4 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат мебошад. Дар меҳвари майдон дарахти рамзии зардолу бо андозаи 15 метр ва ду адад рамзҳои арчамонанди наврўзии 11-метрӣ низ насб карда мешаванд.

Ҳамчунин ду адад рамзи дуюми наврўзӣ, ки намуди доирашакл доранд, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз — 2021» гузошта мешаванд.

Гузашта аз ин дар канори «Боғшаҳри наврўзӣ» хаймаҳои наврўзӣ низ ташкил шуда, дар онҳо асосан туҳфаҳои наврўзӣ ба фурўш гузошта мешаванд.

Ин мавзеъ бо мақсади истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилалӣ ташкил гардидааст.

Март 17, 2021 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад