Дар ноҳияи Дарвоз озмуни «Беҳтарин донандаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров» доир мешавад

Март 1, 2021 16:09

ХОРУҒ, 01.03.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз барои ҷалби ҳарчӣ бештари хонандагон ба мутолиаи китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров байни сокинони ноҳия озмун эълон кард. Дар озмун наврасону ҷавонон ва калонсолон ширкат карда метавонанд. Озмуни мазкур панҷ моҳ идома ёфта, ғолибони он дар арафаи ҷашни 30-солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва бо туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Собиқадори меҳнат Ҳайдаршо Насибов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» гуфт, ки «мутолиаи ин асари безаволу мондагор барои ҳар сокинони кишвар шарт ва зарур аст. Зеро бе огоҳӣ аз таърихи ҳаёти гузаштаи халқи худ ояндаро бунёд кардан ғайриимкон аст. Ин китоб оинаи воқеии халқи тоҷик аст, ки аз даврони ориёиҳо то давраи муосир бо санаду далелҳои таърихӣ собит месозад, ки халқи тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар рушду такомули илму фарҳанги ҷаҳонӣ нақши барҷаста гузоштааст. Бо сифати баланд  чоп шудани  ин асар ва ройгон тақсим кардани он  миёни аҳолии Тоҷикистон  яке аз хизматҳои бузурги Пешвои миллат барои дарки ҳувияти миллӣ ва хештаншиносию ватандорӣ мебошад. Ман аз наврасону ҷавонон даъват мекунам, ки агар дар дил хоҳиши  донистани таърихи комили халқи худро дошта бошанд, ҳатман ин асари таърихиро мутолиа кунанд».

Март 1, 2021 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Моҳи май даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Моҳи апрел даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад