Дар Новосибирск ба ифтихори Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон гӯштини миллӣ доир шуд

Март 29, 2021 10:16

ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидат ва ташаббуси Консулгарии генералии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Новосибирск ва Ҳукумати вилояту шаҳри Новосибирск дар толори калони варзишии ин шаҳр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи калони   гӯштини миллӣ доир гардид.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбаргӣ БОҚӢ иттилоъ медиҳад, пеш аз оғози мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск   Ятимшо  Давлатхоҷа, муовини   якуми Раиси  шаҳри  Новосибирск Геннадий Захаров  ва    вакили Маҷлиси қонунгузории Ҳукумати Новосибирск Роман Казаков  ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии  Наврӯз  муборакбод гуфтанд.

Консули  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятим Давлатхоҷа доир ба расму оин ва суннатҳои неки наврӯзӣ, ки яке аз онҳо баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад, дошт, ки  «варзиш дар баробари солимии рӯҳу тан, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин қосиди сулҳу дӯстӣ ва  иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад. Тайи солҳои охир дар Федератсияи Россия дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, хусусан гӯштини миллӣ низ ба ҳукми анъана даромдааст ва ба ин хотир ҷавонони зиёде ҳам барои иштирок ва ҳам барои дастгирию тамошои маҳорати баланди паҳлавонон ба макони баргузории чорабиниҳо меоянд».

Муовини якуми Раиси  шаҳри  Новосибирск Геннадий Захаров аз  ташкил намудани чунин мусобиқа истиқбол намуда, иброз дошт, ки «воқеан варзиш яке аз самтҳои муҳими солимии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати  муаррифии миллату Ватан дар ақсои олам нақши муҳим дорад. Варзиш омили муҳими тарбияи   насли наврасу ҷавон буда, барои рӯҳану ҷисман тарбияи нек ёфтани онҳо  мусоидат мекунад. Хушбахтона, дар баробари  намудҳои  гуногуни варзиш гӯштини миллии тоҷикӣ низ миёни ҷавонон маҳбубият дорад ва мо дар ҷашнвораҳои баҳорӣ шоҳиди баргузории он мегардем».

Хотиррасон мешавем, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ  аз шаҳру минтақаҳои   ҳавзаи федеролии Сибир паҳлавонон иштирок ва дар вазнҳои гуногун  кувваозмоӣ карданд. Баъди талошҳои зиёд ва натиҷаҳои  ниҳоии мусобиқа паҳлавонон Сиддиқ Худоёров, Ҷамшед Бояков,  Саймурод Раҳмонов ба гирифтани ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ сазовор дониста шуданд. Дар баробари ин паҳлавонон, ҳамчунин дигар иштирокчиёни  фаъоли мусобиқаи гӯштингирӣ  бо ифтихорномаҳои Ҷамъиятои тоҷикони шаҳри Новосибирск   ва туҳфаҳои кумитаи тадорукот, ки аз ҷониби  соҳибкорони муваффақи тоҷик Исмоил Киборов, Эмомалӣ Авазов, Минҳоҷиддин Каримов ва Акимбек Мамадризобеков  омода гардида буданд, қадрдонӣ шуданд.

Март 29, 2021 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад