Дар Новосибирск ба ифтихори Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон гӯштини миллӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мусоидат ва ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони шаҳри Новосибирск ва Ҳукумати вилояту шаҳри Новосибирск дар толори калони варзишии ин шаҳр бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи калони гӯштини миллӣ доир гардид.
Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбаргӣ БОҚӢ иттилоъ медиҳад, пеш аз оғози мусобиқа Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятимшо Давлатхоҷа, муовини якуми Раиси шаҳри Новосибирск Геннадий Захаров ва вакили Маҷлиси қонунгузории Ҳукумати Новосибирск Роман Казаков ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод гуфтанд.
Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Ятим Давлатхоҷа доир ба расму оин ва суннатҳои неки наврӯзӣ, ки яке аз онҳо баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ мебошад, дошт, ки «варзиш дар баробари солимии рӯҳу тан, ташаккули тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин қосиди сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ мебошад. Тайи солҳои охир дар Федератсияи Россия дар баробари баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ташкили мусобиқаҳои варзишӣ, хусусан гӯштини миллӣ низ ба ҳукми анъана даромдааст ва ба ин хотир ҷавонони зиёде ҳам барои иштирок ва ҳам барои дастгирию тамошои маҳорати баланди паҳлавонон ба макони баргузории чорабиниҳо меоянд».
Муовини якуми Раиси шаҳри Новосибирск Геннадий Захаров аз ташкил намудани чунин мусобиқа истиқбол намуда, иброз дошт, ки «воқеан варзиш яке аз самтҳои муҳими солимии ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати муаррифии миллату Ватан дар ақсои олам нақши муҳим дорад. Варзиш омили муҳими тарбияи насли наврасу ҷавон буда, барои рӯҳану ҷисман тарбияи нек ёфтани онҳо мусоидат мекунад. Хушбахтона, дар баробари намудҳои гуногуни варзиш гӯштини миллии тоҷикӣ низ миёни ҷавонон маҳбубият дорад ва мо дар ҷашнвораҳои баҳорӣ шоҳиди баргузории он мегардем».
Хотиррасон мешавем, ки дар ин мусобиқаи варзишӣ аз шаҳру минтақаҳои ҳавзаи федеролии Сибир паҳлавонон иштирок ва дар вазнҳои гуногун кувваозмоӣ карданд. Баъди талошҳои зиёд ва натиҷаҳои ниҳоии мусобиқа паҳлавонон Сиддиқ Худоёров, Ҷамшед Бояков, Саймурод Раҳмонов ба гирифтани ҷойҳои аввал ва ифтихорӣ сазовор дониста шуданд. Дар баробари ин паҳлавонон, ҳамчунин дигар иштирокчиёни фаъоли мусобиқаи гӯштингирӣ бо ифтихорномаҳои Ҷамъиятои тоҷикони шаҳри Новосибирск ва туҳфаҳои кумитаи тадорукот, ки аз ҷониби соҳибкорони муваффақи тоҷик Исмоил Киборов, Эмомалӣ Авазов, Минҳоҷиддин Каримов ва Акимбек Мамадризобеков омода гардида буданд, қадрдонӣ шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






