Дар шаҳри Гулистон мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 19 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади омодагии дастаҳои Лигаи олии Тоҷикистон ба мавсими нав сеюмин мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мусобиқаи пешазмавсимӣ, ки дар майдонҳои осоишгоҳи «Баҳористон» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон баргузор мегардад, нуҳ дастаи Лигаи олӣ – «Хуҷанд», «Эсхата», «Истаравшан», «Душанбе-83», КМВА, «Кӯктош», «Хатлон», «Равшан» (Кӯлоб), «Файзканд» ва ҳайати ҷавонони дастаи «Истиқлол» иштирок мекунанд. Тамоми хароҷоти молиявӣ барои иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ, аз қабили хӯрокӣ ва зист дар осоишгоҳи «Баҳористон» ва Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон, таъмин кардани бозингарони дастаҳо бо витаминҳои зарурӣ, иҷораи майдону толорҳои варзишӣ ва қадрдонии ғолибон аз ҳисоби Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футболи мамлакат пӯшонида мешавад.
Дар доираи иштирок дар мусобиқаи Ҷоми ЛФТ дастаҳои Лигаи олӣ имконияти баргузории ҷамъомадҳои таълимӣ-тамринии мукаммалро соҳиб мешаванд. Ҳамчунон Лигаи футболи Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд чорабиниву семинарҳо барои бозингарон, мураббиён, роҳбарон ва табибони дастаҳо роҳандозӣ намояд.
Ҷоми ЛФТ аз соли 2019 инҷониб баргузор мегардад. Ғолиби аввали ин мусобиқа дастаи КМВА аст, соли гузашта дастаи футболи «Истаравшан» дар ин мусобиқаи варзишӣ пирӯзӣ ба даст овард.








Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд






