Дар шафати шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Фархор ва Фархор –Панҷ 120 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд

Март 17, 2021 10:46

ДУШАНБЕ, 17.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам ва бо мақсади сабзу хуррам  гардонидани шафати шоҳроҳи байналмилалии Кӯлоб-Фархор ва Фархор–Панҷ 120 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки иқдоми мазкур бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо кормандони Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фархор амалӣ гардид.

Аз оғози мавсими ниҳолшинонӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист ва Муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Фархор  дар шафати роҳҳо 300 бех ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудаанд, ки ба сабзу хуррамгардонии маҳал  ва тоза нигоҳ доштани ҳифзи муҳити зист мусоидат менамоянд.

Март 17, 2021 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд