Дар Тошканд панҷ донишҷӯ бо маводи номаълум заҳролуд ва ҳалок шуданд
ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии Тошканд, ки дар хонаи шахсӣ якҷоя зиндагӣ мекарданд, бо маводи номаълум заҳролуд ва ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 28 феврал, дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуот, 27 феврал, соати 20.50 дар яке аз хонаҳои шахсӣ дар ноҳияи Юнусободи Тошканд ҷасадҳои панҷ донишҷӯи се донишгоҳи олии пойтахти Ӯзбекистон пайдо шуданд.
«Мутобиқи хулосаи пешакии ташхиси судӣ-тиббӣ, сабаби марги донишҷӯён заҳролудшавии шадид бо маводи номаълум мебошад», — омадааст дар изҳороти Прокуратураи генералӣ дар канали Telegram.
Тибқи иттилои идора, прокуратураи ноҳияи Юнусободи Тошканд дар робита ба марги донишҷӯён тибқи моддаи Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон «вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки боиси марги чанд нафар шудааст», парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тафтиши парвандаи ҷиноятиро Прокуратураи генералӣ зери назорат қарор додааст, илова намуданд дар хадамоти матбуот.
АКСИ: «Вести.uz»








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






