Дастаи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ се футболбози навро барои бозӣ ҷалб намуд

Март 1, 2021 13:40

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Дастаи  футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  аз гузариши ҳамлагари дастаи мунтахаби Кот-д’Ивуар Я Сатурнин-Ҳерманн хабар медиҳад. Футболбози африқоӣ қаблан дар дастаҳои  футболи «Депортиво»-и  Африқо  ва «Волкан»-и Кот-д’Ивуар ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ дар  дастаи  «Кӯктош» бо рақами 11 бозӣ хоҳад кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳамчунин дастпарвари дастаи футболи  «Локомотив-Тошканд»  Асадбек Исломов дар ин мавсим шарафи  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ҳимоя хоҳад кард. Ҳимоятгари канори рост, ки дар дастаҳои футболи «Локомотив-Тошканд», «Металлург» ва «Бекобод» бозӣ кардааст,   бо дастаи футболи «Кӯктош» то охири мавсим шартнома ба имзо расонид

Бозингари сеюм Алиҷон Алиҷонов аст, ки дар академияи «Спартак»-и  шаҳри Тошканд таълими футбол гирифтааст. Баъдан ӯ дар корномаи варзишиаш дар дастаҳои футболи  «Навбаҳор», «Пахтакор» ва «Намангон» бозӣ карда, акнун бо пероҳани дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бозӣ хоҳад кард. Дар дастаи наваш     Алиҷон Алиҷонов рақами 4-ро интихоб кард.

Март 1, 2021 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶОМИ РУШД-2025. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаҳои Русия, Эрон ва Қазоқистон бозӣ мекунад
Довари тоҷик бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2025 оид ба футзал байни занонро ҳакамӣ дорад
Дар Душанбе даврҳои мураббигии футбол барои дарёфти сертификати «С» ба анҷом расиданд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо тими Арабистони Саудӣ бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Довари тоҷик Исмоил Нуралиев дар Ҷоми Осиё-2025 байни ҷавонон (U-20) кор мекунад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Беларус бозии дӯстона баргузор мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Рақибони дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон муайян мегарданд
Эҳсони Панҷшанбе фаъолияти касбияшро дар Суперлигаи Узбекистон идома медиҳад
Федератсияи футболи Тоҷикистон кӯшиш дорад, ки дастаи мунтахаби «Помир»-и Бадахшон ба Лигаи дуюми футбол барояд
ҶОМИ ОСИЁ-2025. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба сабади дуюми қуръакашӣ дохил шуд
Рустами Эмомалӣ дубора Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд
Баргузории чорбинии муштараки Тоҷикистон ва Ню-Йорк ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол дар соли 2025 баррасӣ шуд