Дурнамои ҳамкорӣ байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии Yonhap News-и Корея баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 23.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 22 март мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Агентии иттилоотии Yonhap News Сунг-бу Чо баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон (АМИТ) «Ховар» ва Yonhap News-ро мавриди баррасӣ қарор дода, таҳкими робитаҳо дар самти иттилоотро зарур шумориданд.
Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:
Yonhap News бузургтарин агентии иттилоотии Ҷумҳурии Корея мебошад, ки зиёда аз 600 хабарнигор дорад. Агентӣ мақолаҳо, аксҳо ва дигар маълумотро дар рӯзномаҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва дигар васоити ахбори оммаи Корея нашр мекунад.
Хабарнигорони Yonhap дар як шабакаи васеъ дар дохили кишвар ва хориҷ паҳн шуда, 365 рӯз дар як сол 24 соат кор мекунанд. Онҳо ҳама мавзӯъҳои хабариро аз масъалаҳои сиёсат, тиҷорат ва иҷтимоӣ то фарҳанг ва варзиш фаро мегиранд. Агентӣ ҳамарӯза зиёда аз 3000 хабар, аз ҷумла мақолаҳо, аксҳо, графика ва видео таҳия мекунад. Yonhap News нақши худро ҳамчун «равзанаи хабарҳо» иҷро карда, бо 83 агентиҳои иттилоотии 70 кишвар ҳамкорӣ намуда, хабарҳои навро аз нимҷазираи Корея ба ҷаҳон мерасонад.
Yonhap News соли 1980 бо номи «Хабаргузории Yonhap» дар натиҷаи якҷоя кардани се агентии мавҷудаи иттилоотӣ ба фаъолият оғоз намуд. Аз моҳи декабри соли 1998 агентӣ номи «Yonhap News» гирифт.
ДАР АКС: ҷараёни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Роҳбари Агентии иттилоотии Yonhap News Сунг-бу Чо. Акс аз ВКХ ҶТ.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






