Хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд

Март 12, 2021 15:32

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ таъсис дода мешаванд. Ин нукта зимни баргузории ҳамоише, ки имрӯз аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо иштироки корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ дар  Донишкадаи  сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмати пойтахт созмон дода шуд, иброз гардид. Дар ҳамоиш намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист,  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат, зиёда аз 20 корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва зиёда аз 30 ширкати сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло  Амирбекзода  иброз дошт, ки имрӯзҳо бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар гӯшаҳои гуногуни кишвар хоҷагиҳои моҳипарварӣ ташкил  шудаанд, ки барои рушди сайёҳии моҳигирӣ дар мамлакат имконияти мусоид фароҳам овардаанд. Дар дарёҳои кӯҳӣ ва кӯлҳои табиӣ ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, зағорамоҳӣ ва дигар намудҳои моҳиро метавон вохӯрд, ки бо тамъи лазиз ва аз ҷиҳати экологӣ тоза буданашон  ҳамто надоранд. Ин ба рушди сайёҳии моҳигирӣ ҳамчун самти афзалиятноку ояндадор дар кишвар саҳми назаррас мегузорад.

Роҳбарони корхонаҳо, хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ  андешаҳои худро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн барои фароҳам овардани шароит ва имконияти хуби хизматрасонӣ ҳангоми қабули меҳмонону сайёҳон дар хатсайрҳои сайёҳии моҳигирӣ баён намуданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ ҷиҳати равнақ бахшидани ин навъи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия намуд, ки бо пешниҳоди хатсайрҳои нави сайёҳии моҳигирӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаву хоҷагиҳои моҳипарварии ҷумҳурӣ хизматрасониро барои боздиди сайёҳон беҳтару бештар ба роҳ монанд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар мулоқоти  Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва раиси вилояти Хатлон дар баробари дигар масъалаҳои рушди сайёҳӣ зикр шуд, ки  дар вилоят зиёда аз 70 хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва мавзеъҳои моҳидорӣ вуҷуд доранд. Зимни мулоқоти мазкур маҳз тақвият бахшидан ба сайёҳии моҳигирӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифта буд.

Март 12, 2021 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст