ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» оид ба ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ёдовар шуд

Март 15, 2021 09:00

ДУШАНБЕ, 15.03.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Надоштани дониши кофии ҳуқуқӣ сабаб мешавад, ки баъзе  аз шаҳрвандон ҳангоми хариди молу маҳсулот фиреб мехӯранд. Ҳадафи қонун «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» пешгирии қонунвайронкуниҳо ва нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандаҳо буда, он меъёрҳои ҳуқуқии муносибати байни истеъмолкунанда, фурӯшанда ва истеҳсолкунандаи молро муайян месозад.

Тибқи ин қонун,  истеъмолкунандаҳо ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ аз зарари мол (кор, хизматрасонӣ), бехатарии мол, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, маълумот доир ба мол, маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, бехатарии муҳити зист дар мавриди истеҳсол ва муомилоти мол, изҳори назари худ оид ба мол ва муроҷиат ба суд ва дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худро доранд.

Чунин ибрози назар намуд  раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид ФАЙЗУЛЛОЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ки имрӯз таҷлил мешавад.

Ба андешаи мавсуф, дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, инчунин зиёд шудани  шумораи аҳолӣ дар ҷаҳон имрӯз дастрасӣ ба маводи бехатари озуқаворӣ  масъалаи ҳаётан муҳим ва рӯзмара гардидааст. Ба қавли олимону мутахассисон ва сиёсатмадорони ҷаҳонӣ, барои аз байн бурдани ин мушкилот танҳо талошҳои дастаҷамъонаи байналмилалӣ заруранд.

Бо ин мақсад  Созмони Милали Муттаҳид соли 1985 Қатъномаеро қабул намуд, ки дар асоси он ҳамасола 15 март Рӯзи умумиҷаҳонии ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил мегардад.

Ҳамчунин дар асоси ин Қатънома тамоми кишварҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вазифадор гардидаанд, ки барои ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон барномаҳои махсус қабул намуда, шаҳрвандонро бо маҳсулоти бехатари озуқаворӣ таъмин намоянд.

-Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ расидан ба  амнияти озуқаворӣ ва таъмини бехатарии онро яке аз ҳадафҳои стратегии худ эълон карда, то ин муддат даҳҳо барномаҳои давлатиро дар роҳи расидан ба ин мақсад қабулу амалӣ гардонид, ки яке аз онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»  аз 15 майи соли 1997 мебошад.

— Нисбат ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони кишвар дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни мазкур  тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт. Он муносибатҳои байни истеъмолкунандагон,  истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон, фурӯшандагонро ҳангоми фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) ба танзим дароварда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳангоми хариди моли дорои сифати муносиб ва барои ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол ва истеҳсолкунандагони (иҷрокунандагони, фурӯшандагони) он, ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии манфиати онҳоро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян мекунад.-иброз менамояд Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» нуқсони ошкоргардидаи молро истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) — ро иҷро мекунад, агар тибқи созишномаи тарафҳо муҳлати дигари бартараф сохтани нуқсони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Муҳлати ниҳоии бартараф намудани нуқсони мол аз рӯзи бартараф намудани онро истеъмолкунанда давоми чаҳордаҳ рӯз талаб карда метавонад. Нисбат ба моли истифодааш дарозмуддат истеҳсолкунанда (фурӯшанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истеҳсолкунанда (фурӯшанда) — ро иҷро мекунад, уҳдадор аст ҳангоми аз ҷониби истеъмолкунанда пешниҳод гардидани талабот дар давраи таъмир ба ӯ моли ҳаммонандро бе музд пешниҳод намуда, дар муддати се рӯз аз ҳисоби худ ба ӯ расонад. Номгӯи молҳои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онҳо дахл надоранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

«Яке аз самтҳои асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ ва дигар зерсохторҳои онро таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ташхису назорати он ташкил медиҳад. Зеро мақсад аз таъсис додани Мақомоти бехатарии  озуқаворӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ҳалли ҳамин мушкилот ва кам кардани такроршавии вазифаҳои хизматии ба ҳам монанд, ҳамоҳангии санҷишҳо, сарфаи маблағҳои буҷет ва кам гардидани монеаҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин пешгирӣ намудани фаъолияти соҳибкороне, ки мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун ба кишвар маҳсулоти пастсифати озуқаворӣ ворид намоянд, дониста мешавад»,-зикр намуд ҳамсуҳбати мо.

Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз давраи таъсисаш беш аз 3 сол сипарӣ мегардад, бо мақсади таъмини бехатарии озуқаворӣ дар доираи қабули барномаҳои давлатӣ, махсусан дар заминаи тадбиқи «Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» фаъолияташро дар самти байторию зотпарварӣ, фитосанитарӣ, карантини растанӣ ва тухмӣ ба роҳ монда, тамоми маҳсулотеро, ки дар кишвар истеҳсол ва ё аз хориҷи мамлакат ворид карда мешаванд, таҳти санҷиш ва назорати доимии худ қарор додааст.

«Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар  дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, ки «таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат ва бехатари озуқаворӣ, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад».

Бо назардошти ин гуфтаҳо соҳибкорону истеҳсолкунандагони ватаниро зарур аст, ки дастгириҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон,  махсусан  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда,  кӯшиш намоянд имконоти мавҷударо баҳри истеҳсоли молу маҳсулоти босифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир равона намуда, тавонанд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда фаъолияташонро ба роҳ монанд»,-гуфт дар хатми суҳбат раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Муҳаммадсаид Файзуллозода.

Март 15, 2021 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Тайиланд масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид