ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ. Тоҷикистон аз соли 2016 узви СБМГ мебошад

Март 1, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мудофиаи гражданӣ аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (СБМГ) соли 1990 бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба вазифаҳои муҳиме, ки аз ҷониби хадамоти мудофиаи гражданӣ ва мудофиаи миллӣ иҷро карда мешаванд — наҷот додани ҳаёт ва муҳити зист — таъсис дода шудааст. Таҷлили ин рӯз санаи эътибор пайдо кардани Оинномаи Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ (1 марти соли 1972), ки қабули он ба СБМГ мақоми ташкилоти байниҳукуматӣ додааст, интихоб карда шуд.

Рӯзи ҷаҳонии мудофиаи шаҳрвандӣ ҳамасола 1 март таҷлил карда мешавад. Ҳоло 59 давлат узви СБМГ буда, 16 давлат дар ин созмон мақоми нозир доранд.

Аз 11 феврали соли 2016 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони байналмилалии мудофиаи гражданӣ мебошад. Бо шарофати фаъолияти пайвастаи кормандони КҲФ ва МГ дар Тоҷикистон аҳолӣ аз амалҳое, ки бояд дар ҳолатҳои фавқулода иҷро карда шаванд: обхезиҳо, заминларзаҳо, сангрезӣ, тармафароӣ, сӯхтор огоҳонида мешаванд. Мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат, қисми таркибии мудофиа ва таъмини амнияти аҳолии кишвар мебошад. Соли 2004 дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» қабул гардид, ки мутобиқи он вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

— пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиёти ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг;

— таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;

— ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои зудамали қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг;

— ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ;

— ташкили фонди зарурии иншооти муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ;

— ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ;

— ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ – сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг;

— ташкили омўзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ;

— анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботи муҳандисӣ – техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоот, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо;

— ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ;

— сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиёти ҷангӣ, хатари ҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва хатари дигар;

— ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурўҳи мудофиаи гражданӣ мансубдониста ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншооти махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар;

— ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншооти муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ;

— гузаронидани чорабиниҳои рўшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншооти иқтисодиёт;

— анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир;

— таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ зарардида, аз ҷумла бо хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ, таъминот бо ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ;

— мубориза бар зидди сўхторҳое, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ ба вуқўъ меоянд;

— муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд;

— безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ;

— барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ зарар дидаанд;

— таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ ҳангоми ҷанг;

— дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг;

— таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншооте, ки барои фаъолияти устувори иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ дар ҳолати ҷангӣ заруранд;

— таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 1, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо аъзои иттиҳодияи ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» вохӯрӣ намуд