«БАРОБАР ШУД ШАБУ РӮЗАТ, МУБОРАК…». Имсол Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 18.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи ҳисобҳои астрономӣ, Наврӯзи имсола 20 март, соати 14:37 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра Қоҳирова иттилоъ дод.
Ба гуфтаи олими тоҷик, «лаҳзаи гузаштани Офтоб аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ ба як сония баробар аст. Инчунин дар ин вақт боз як падидаи ҷолиб- баробаршавии шабу рӯз ба вуҷуд меояд. Фосилаи вақти байни ду гузашти пайдарҳамии Офтобро аз байни нуқтаи эътидоли баҳорӣ соли астрономӣ меноманд».
Ба таъкиди доктори илмҳои физикаву техника Гулчеҳра Қоҳирова, Наврӯз — ин ҷашни соли нав аз рӯи тақвими шамсии астрономӣ барои мардуми Шарқ мебошад. Ин ҷашн анъанаи миллӣ буда, ба дин ягон вобастагӣ надорад.
Бояд гуфт, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимтарин дар таърихи башарият мебошад, ки онро дар Форс (Эрон) ва Осиёи Миёна аллакай то асри VII пеш аз мелод ҷашн мегирифтанд.
Тавре дар ин байт омадааст:
Бародар, иди Наврӯзат муборак,
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак.








«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






