Изҳороти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия
Душанбе, 29 марти 2021
Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,
Хонумон ва ҷанобон,
Мулоқоти имрӯзаи ҷонибҳо чун анъана дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил доир гардид.
Дар ҷараёни мулоқоти имрӯза ҳамаи самтҳо ва арсаҳои ҳамкории мавриди таваҷҷуҳи ду кишвари дӯсту бародар ва ҷанбаҳои мухталифи масоили муҳимми минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла масъалаҳои марбут ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Туркия дар соҳаҳои гуногун дар меҳвари мулоқоти имрӯза қарор доштанд.
Дар ин замина, роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, сайёҳӣ, таъмини амният, мубориза бо терроризм ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба табодули афкор сурат гирифт.
Бо қаноатмандӣ метавон таъкид намуд, ки муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвари дӯст ва бародар раванди устувор касб намудаанд. Дар муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Туркия имрӯз фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд. Бо вуҷуди ин, ду ҷониб хостори тавсеаи бештари ҳамкориҳо ҳастанд, ки ҷавобгӯ ба иқтидорҳои мавҷуда миёни Тоҷикистон ва Туркия бошанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи ҳамкории мутақобилан судмандро бо Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷалби сармоягузории он кишвар ба иқтисодиёти Тоҷикистон, истиқбол менамояд.
Ду ҷониб зимни таъкиди нақши муҳимми сафарҳои сатҳи олӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар марҳилаи кунунӣ аз фаъол гардидани сафарҳои роҳбарони олии ду кишвар ҷонибдорӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ аҳаммияти хосса зоҳир карда, ба пешбурди ин раванд бо истифодаи васеи имкониятҳои мавҷудаи ҳар ду кишвар алоқамандӣ нишон доданд.
Таъкид гардид, ки Туркия имрӯз яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон аст. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои беруна, аз ҷумла паёмадҳои ҳамагирии COVID-19, барои иҷрои тавофуқҳои Сарони ду кишвар ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба то 1 миллиард доллари амрикоӣ тадбирҳо меандешанд.
Дар ин маврид фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун василаи муҳим барои баррасӣ ва барномарезии минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Дар рафти музокирот ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Дар ин замина таъкид шуд, ки имрӯз ду кишвар дар самти татбиқи тарҳҳои муштарак ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондаанд.
Ҷонибҳо аз ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ҷараёни сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ташрифот байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия ва Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2023 ба имзо расиданд.
Мехоҳам таъкидан зикр намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эътимоду эҳтироми мутақобил сурат гирифтанд.
Ташаккур. Бароятон комёбиҳо хоҳонам.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқоти Сергей Лавров бо раисони кумитаҳои парламентҳои давлатҳои аъзои СААД иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ширкати австриягии «Andritz Hydro GmbH» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Душанбе дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Австрия мулоқот намуд
Дар Берлин имконоти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Берлин нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «С5+1» доир гардид
Олимон ва муҳаққиқони тоҷик дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорӣ дар Кувайт соҳиби 10 медал шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин ва Йоҳанн Вадефул ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистону Олмонро баррасӣ намуданд
Дар Берлин ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Муассисаи давлатии таҳсилот ва омӯзиши амалии Давлати Кувайт гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Узбекистон мулоқот намуд






