Кумитаи андози Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Россия такмили системаи маъмурикунонии андозро баррасӣ намуданд

Март 26, 2021 13:14

ДУШАНБЕ, 26.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони ваколатдори Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии андози Федератсия Россия дар доираи татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 25 март вохӯрии онлайнӣ доир намуданд.

Тавре Кумитаи андози ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷаласа ба мавзӯи такмили системаи маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаҳои мошинаҳои назоратӣ-хазинавӣ ва маъмурикунонии ААИ бахшида шуд. Зикр гардид, ки такмили маъмурикунонии андоз, пеш аз ҳама, ба сода кардани риояи қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон, баланд бардоштани сифати фаъолияти мақомоти андози ҷумҳурӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ тавассути такмили қонунгузории андоз равона шудааст.

Иштирокчиёни вохӯрӣ нияти идома додани кор дар формати дуҷониба ва бисёрҷонибаи кумаки техникӣ бо мақсади такмили системаи маъмурикунонии андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи муваффақонаи муқаррароти Протоколи мазкурро изҳор намуданд.

Март 26, 2021 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд