Машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Япония дар шакли видеоконфронс баргузор гардиданд

Март 12, 2021 08:21

ДУШАНБЕ, 12.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 март даври сеюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония дар шакли видеоконфронс баргузор шуд. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ ва Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Япония  оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Токуда Шуичӣ роҳбарӣ карданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар машваратҳо тарафҳо ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Японияро баррасӣ карда, пиромуни масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак табодули афкор намуданд.

Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Япония дар тамоми арсаҳо пайваста ва ҳадафмандона густариш меёбанд. Дар ин замина аҳамияти лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Япония (JICA) дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, таъкид гардид.

Тарафҳо ба зарурати ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» таъкид намуда, таҳкими ҳамкориро дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷониба зарур шумориданд. Ҷонибҳо бо ишора ба аҳамияти идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон ба зарурати мусоидати ҷомеаи байналмилалӣ ба ин кишвар таъкид карданд.

Дар поёни ройзаниҳои сиёсӣ омодагӣ ва рағбати тарафайн ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвар дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Март 12, 2021 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд