МО 198 000 НАФАР ЗИЁД ШУДЕМ! Агентии омор шумораи аҳолии Тоҷикистонро то моҳи январи соли 2021 эълон намуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи аҳолии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 ба 9 миллиону 504 ҳазор нафар расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зикр карда мешавад, ки афзоиши табиии аҳолии кишвар соли 2020 2% -ро ташкил додааст, яъне шумораи аҳолӣ тахминан 198 ҳазор нафар афзудааст.
Ба ҳамин тартиб, шумораи аҳолии вилояти Хатлон соли гузашта 82,9 ҳазор нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ — 49,5 ҳазор, вилояти Суғд — 49,4 ҳазор, Душанбе — 13,3 ҳазор ва ВМКБ — 2,9 ҳазор нафар афзудааст.
Шумораи таваллуд соли гузашта дар ҷумҳурӣ тақрибан 240 ҳазор нафар ва теъдоди фавтидагон тақрибан 42 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар аввали соли равон дар вилояти Хатлон 3 миллиону 425 ҳазор нафар, дар вилояти Суғд 2 миллиону 754 ҳазор нафар, дар ноҳияҳои тобеи марказ 2 миллиону 215 ҳазор нафар, дар Душанбе 880 ҳазор нафар ва дар ВМКБ 231 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Департаменти иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ пешгӯиҳои демографӣ нашр карда буд, ки тибқи он дар тӯли 30 сол шумораи аҳолии ҷаҳон 2 миллиард афзоиш меёбад. Мутобиқи ин дурнамо, шумораи умумии аҳолии Тоҷикистон то соли 2050 тақрибан ба 16 миллион нафар ва то соли 2100 ба 25 миллион нафар хоҳад расид.
АКС аз бойгонӣ








Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






