НА БЕШ АЗ 5 ГРАММ ДАР ЯК РӮЗ! Сокинони минтақаи аврупоии СУТ, ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, аз ҳад зиёд намак истеъмол мекунанд

Март 10, 2021 12:02

ДУШАНБЕ, 10.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола ҳафтаи дуюми моҳи март Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Ҳафтаи умумиҷаҳонии огоҳӣ аз намак баргузор мекунад. Ҳадафи асосии ин чорабинӣ — коҳиш додани истеъмоли намак дар ғизои одамон бо мақсади солимгардонии аҳолии сайёра мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Коҳиш додани истеъмоли намак метавонад ҳаёти одамони зиёдро наҷот диҳад ва инчунин бемориҳои дилу рагҳо, аз ҷумла сактаи мағзи сар ва бемориҳои музмини гурдаро пешгирӣ кунад. Аммо, сокинони минтақаи аврупоии СУТ, ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, мутаассифона, барои тағйир додани ғизои худ ва даст кашидан аз вобастагии худ ба намак шитоб намекунанд, менависад хадамоти матбуоти СУТ.

Миқдори истеъмоли миёнаи шабонарӯзии намак дар минтақаи аврупоӣ аз 8 грамм то 19 грамм дар як шабонарӯз аст, ки аз тавсияи СУТ на кам аз 5 грамм (тақрибан як қошуқча) бо дарназардошти намаки дар нон ва маҳсулоти тайёр мавҷуда ва алалхусус онҳое, ки аз коркарди саноатӣ гузаштаанд, ба таври назаррас зиёд мебошад.

Ба муносибати Ҳафтаи умумиҷаҳонии огоҳӣ аз намак СУТ тасмим гирифт, ки таҷрибаи доктор Ҷоана Феррейраро, ки ба беморонаш дар Португалия барои пайдо намудани роҳҳои алтернативии муфид ба ивази ғизоҳои коркардшуда ё анъанавии сернамак кумак мекунад, мубодила намояд.

СУТ мутмаин аст, ки мутахассисони соҳаи тандурустӣ метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи хатари истеъмоли аз ҳад зиёди намак ва ташвиқи онҳо барои тағйир додани ғизо нақши ҳалкунанда дошта бошанд.

Миқдори зиёди истеъмоли намак сифати зиндагиро паст мекунад

Табиби оилавӣ аз Португалия Ҷоана Феррейра ҳамарӯза мебинад, ки истеъмоли аз ҳад зиёди намак ба вазъи беморонаш чӣ гуна таъсири манфӣ мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, «дар беморони дорои фишори баланди хун ва ҳатто бидуни ташхиси гипертония, вобастагии аз ҳад зиёд ба намак ба дарди сар, халалдоршавии электролит, норасоии шадид ё музмини гурда ва стенокардия мубаддал мегардад, ки ин бешубҳа, сатҳи зиндагиро паст мекунад».

«Кам кардани истеъмоли намак барои коҳиш додани бемории гипертония ва ҳамин тариқ ҳамаи бемориҳои марбут ба дилу рагҳо, аз қабили сактаи мағзи сар, норасоии дил, бемории ишемияи дил ва бемориҳои музмини гурда муҳим аст», — илова кард Феррейра.

СУТ изҳороти табиби португалиро дастгирӣ намуда, тазаккур дод, ки канорагирӣ аз хӯрокҳои аз ҳад зиёд шӯр усули камхарҷ барои коҳиш додани миқёси бемориҳои ғайрисироятӣ аст.

Соли 2013 Ассамблеяи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳадафи глобалӣ гузошт, ки то соли 2025 истеъморли намакро 30 дарсад то тавсияи СУТ коиш диҳад. Вале ҳатто 15 дарсад коҳиш ёфтани намак ба паст шудани фишори хун мусоидат мекунад ва ҳатто, тибқи арзёбиҳо, дар тӯли даҳсола то 8,5 миллион фавти бармаҳалро дар кишварҳои дорои даромади паст ва миёна пешгирӣ менамояд. Коҳиш додани истеъмоли намак вазифаи афзалиятнок ва самти пешгирии бемориҳои ғайрисироятӣ, ки сабаби 86 фоизи ҳамаи фавтҳо ва 77 фоизи бемориҳо дар минтақаи аврупоии СУТ мебошанд, ба ҳисоб меравад.

Нобаробарӣ — яке аз сабабҳои «шӯршавӣ»-и бадан

Коршиносон зикр мекунанд, ки миқдори зиёди намак одатан дар маҳсулоти коркардшудаи арзон мавҷуд аст. Аз ин рӯ, чизи «дастрас» на ҳамеша барои саломатӣ безарар аст.

Дар бисёре аз кишварҳои минтақаи аврупоӣ зиёда аз 50 фоизи намак ба бадани инсон аз маҳсулоти хӯрокаи коркардшуда ворид мешавад.

Доктор Феррейра, пеш аз ҳама, бо коргарони деҳот кор мекунад. Вай зикр кард, ки онҳо аксар вақт хӯрокҳои анъанавии муайяни дорои намак ва чарб интихоб менамоянд.

«Назорат кардан ё тағйир додани ин одатҳои фарҳангии муқарраршуда бисёр душвор аст», — мегӯяд ӯ. Ғайр аз ин, беморони ӯ одатан одамони камдаромад мебошанд ва бинобар кофӣ набудани маблағ онҳо хӯрокҳои арзонтарин интихоб мекунанд.

Табиби португалӣ итминон дорад, ки намак ва хатарҳои марбут ба он барои саломатӣ инъикоси тасвири васеътари нобаробарӣ дар ҷомеа ва дастрасии нобаробар ба сифатҳои ҳаёти солим мебошанд.

Феррейра на танҳо ба тағйири рафтори истеъмолкунандагон, балки истеҳсолкунандагон низ даъват мекунад, ки онҳо бояд намаки маҳсулоти худро дар мубориза бо истеъмоли аз ҳад зиёди намак нишон диҳанд.

Ҳафтаи умумиҷаҳонии огоҳӣ аз намак имсол таҳти шиори «Маззаи бештар, намаки камтар» гузаронида мешавад, ки истеъмолкунандагонро ба эҷодкорӣ ва хӯрдани ғизои солим даъват менамояд.

ДАР АКС: СУТ ба кам кардани истеъмоли намак даъват намуда, хотиррасон мекунад, ки он дар таркиби ғизои тайёр мавҷуд аст. Аксҳо аз ЮНИСЕФ / Пасос

Март 10, 2021 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.
Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба тасвиб расид
Тавассути «Почтаи Тоҷикистон» беш аз 27 миллион рӯзномаю маҷалла ба мизоҷон расонида шуд
Дар Душанбе Форуми дуюми коршиносии «Осиёи Марказӣ – Русия: рӯзномаи рушди муштарак» ба кори худ оғоз намуд
СИРДАРЁ МУТТАҲИД МЕНАМОЯД. Дар Гулистон Форуми сеюми ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2025 баргузор мегардад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2025 Диплом супорида шуд
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расонд
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар ба имзо расид
Дар Хуҷанд доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ҳамоиш баргузор гардид
Татяна Москалкова бо мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуд
Байни вазоратҳои тандурустии Тоҷикистон ва Русия Харитаи роҳ барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид