Намояндагони вазорату идораҳои Бошқирдистон ба расму оинҳои неки Наврӯз баҳои баланд доданд

Март 24, 2021 13:23

ДУШАНБЕ, 24.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки тоҷикону ҳамватанони  бурунмарзӣ дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Россия ҷараён дорад. Ҳамин гуна як чорабинии бошукӯҳ  бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Уфа дар бинои «Арт-квадрат»- и ин шаҳр  бо ҳузури намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон ва доираи васеи ҳамватанон сурат гирифт.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад,  баъди ифтитоҳи  чорабинии идона, Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа Саид Эмом зимни суханронии худ, ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷашнро ба муносибати фарорасии фасли баҳор ва эҳёи табиат — Иди байналмилалӣ Наврӯз самимона табрику муборакбод намуда, аз оинҳои неку арзандаи наврӯзӣ, аз ҷумла   поксозии қалбҳо, бахшиши гуноҳҳои  ҳамдигар, таҳкими дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ёдовар шуданд.

Дар идома С. Эмом дар партави Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба  муносибати ҷашни Наврӯз, зикр карданд, ки воқеан, Наврӯзи имсола ба давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон рост омадаст ва ба таъкиди Сарвари давлат баҳори имсола – баҳори Истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад. Бинобар ин, ҳамаи мо бояд корҳои ободониву бунёдкориро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни муқаддас вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои кишварро боз ҳам обод созем. Аз ин хотир, аз соҳибкорони тоҷике, ки имрӯзҳо дар шаҳри Уфа кору фаъолият мекунанд,  даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати саҳми муносиб гузоштан дар пешрафти бахшҳои гуногун бештар талош кунанд.  Бо истифода аз фурсати муносиб Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа бори дигар донишҷӯёнро ба хониши хубу аъло ва азхудкунии илми муосир ҳидоят намуда, изҳор доштанд, ки онҳо бояд ҳамеша  аз таваҷҷуҳ ба равандҳои бегонапарастӣ ва ҳамроҳӣ бо гурӯҳҳои экстремистию ифротгароӣ худдорӣ намоянд.

Баъдан аз ҷониби меҳмонону иштиркочиёни чорабинӣ  раиси Кумитаи давлатӣ оид ба муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ Маргарита Болийчева, роҳбари намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия дар шаҳри Уфа — Венер Галиакбаров, раиси Кумитаи маориф ва тандуристии Маҷлиси Ҷумҳурии Бошқирдистон — Салават Харасов,  директори Хонаи дӯстии халқҳои Ҷумҳурии Бошқирдистон — Илгиз Султанмуратов  ва роҳбари шуъбаи Сафорати Ҷумҳурии Белорус дар шаҳри Уфа — Артур Карпов  суханронӣ намуда, таассуроти худро доир ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ин иди миллии мардуми куҳанбёди  тоҷик бо фараҳу шодӣ иброз дошта, ба расму оинҳои неки наврӯзӣ, ки хусусияти  дӯстию рафоқат ва ҳамбастагию иттиҳодро дорад, баҳои баланд доданд.

Дар намоиши идона, инчунин аз ҷониби донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои шаҳри Уфа барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардид. Қабл аз оғози қисми фарҳангии  чорабинӣ,  дастархони наврӯзӣ  бо  ҳафтсину ҳафтшин,  сабзаи суманак,   намунаи ҳунарҳои  косибию мардумӣ, либосҳои миллӣ, китобҳо оид ба таърих ва  фарҳанги мардуми Тоҷикистон, маводҳои таблиғотӣ доир ба муаррифии симои  Тоҷикистони соҳибистиқлол  манзури иштирокчиён  карда шуд.

Сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Уфа Бахтиёр Ятимов зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия   изҳор дошт, ки дар якҷоягӣ   бо Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Уфа     доимо бо ҷамъиятҳо ва созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон, бо донишҷӯён  ва дигар ҳамватанон, ки дар бахшҳои гуногун кору фаъолият мекунанд дар робита буда, бо баргузории суҳбату вохӯриҳо онҳоро  пайваста ба риояи қоидаҳои будубош, иҷрои талаботи корфармоён, аз худ кардани касбу ҳунар, дӯст доштани меҳан ва эҳтироми волидайн, саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан, фирефта нагардидан ба таблиғоти ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо  ва дигар мавзӯъҳои муҳим даъват менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки тантанаҳои ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия  идома дошта, таърихи 26 март дар шаҳри Самара, 27  март дар Ҷумҳурии Мордовия ва 28 март дар шаҳри Толятти таҷлил карда мешавад.

Март 24, 2021 13:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИЛНАВИШТА». Таҳти чунин унвон маҳфили эҷодии Ибодулло Машраб баргузор гардид
«ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҷашнӣ ифтитоҳ ёфт
«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир
Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН…». Имрӯз зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода аст
«БЕҲТАРИН ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ-2024». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмун гузаронида шуд
«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД». Дар Бадахшон даври вилоятии фестивали ҳунармандон ҷамъбаст гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Имрӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ даври ҷумҳуриявии озмун баргузор мегардад
«БО ҲАМ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони муосири тоҷик оғоз шуд
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Қалъаи Ҳисорро тамошо намуд
Дар Арабистони Саудӣ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Чор иншооти муҳими шаҳри қадимии Панҷакент барқарор карда шуд